баргард
чоп кардан
Боздошти гӯиё “наркобарон”-и дигари тоҷик дар Русия (ВИДЕО)
Вазорати умури дохилии Русия аз боздошти як шаҳрванди тоҷик, ки гӯиё раҳбари созмони ҷиноӣ буда, ба интиқоли мухаддироти Афғонистон ба Русия машғул будааст, хабар медиҳад.
Тавре Хадамоти матбуоти ин ниҳод иттилоъ медиҳад, аз шаҳрванди 39-солаи тоҷик дар ноҳияи Одинсови назди Маскав 5 килло героин ва таппончаи “Макаров” мусодира шудааст. Арзиши мухаддироти мусодирашуда 15 миллион рубли русӣ арзёбӣ мешавад.
Вазорати умури дохилии Русия мегӯяд, амалиёт барои боздошти аъзои дигари ин гуруҳ идома дорад.