Бонувони қирғиз хеле кам ба тоҷикон ба шавҳар мебаромадаанд
Бастани ақди никоҳ бо атбои хориҷӣ дар Қирғизистон ба як чизи маъмулӣ табдил ёфта, ҳамасола афзоиш меёбад.
Расонаҳои хабарӣ аз қавли Айнура Чунубаева, раиси Хонаи ақди никоҳи шаҳри Бишкек иттилоъ медиҳанд, ки мизони издивоҷи духтарони қирғиз бо шаҳрвандони хориҷӣ рӯ ба афзоиш оварда, 35 дар садро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи Чунубаева, дар соли сипаришуда 284 шаҳрванди хориҷӣ барои бастани ақди никоҳ бо духтарони қирғиз ба ин ниҳод муроҷиат кардааст, дар ҳоле, ки ин нишондод даҳ сол қабл 74 ададро ташкил медод.
Манбаъ мегӯяд, занҳои қирғиз дар умум бо атбои зиёда аз 30 кишвари дунё, аз ҷумла Тоҷикистон, Фаронса, ИМА, Олмон, Корея, Эрон, Ҷопон, Ҳиндустон, Сурия, Афғонистон, Исроил, Туркия, Зеландияи Нав, Британия, Русия, Туркманистон ва Қазоқистон издивоҷ кардаанд. Вале ҳолатҳои зиёди издивоҷ бо шаҳрвандони кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла бо русҳо ба қайд расидааст. Ҳолати аз ҳама кам бо табааи Тоҷикистон будааст.