“Истиқлол” “РегарТадАЗ”-ро шикаст дод, “Парвоз” “Панҷшер”-ро
Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзодаро шикаст дод. Ин бозии даври 6-уми мусобиқаи қаҳрамонии Лигаи олӣ буда, рӯзи сешанбе, 14-уми май дар Варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор гардида, бо ҳисоби 4:1 ба нафъи мизбонон анҷом ёфт.
Наим Улмасов, бозигари дастаи “Истиқлол”, дар дақиқаи 7-уми дидор ҳисобро боз кард. Комил Саидов, ҳамлагари дастаи “РегарТадАЗ”, дар дақиқаи 42-юм ҳисобро баробар намуд. Нимаи аввали бозӣ бо ҳамин натиҷа анҷом ёфт. Ҳамин тариқ нимаи дуюми сабқат бозигарони дастаи мизбон Юҷин Сепуйя дар дақиқаи 60-ум, Дилшод Восиев, дар дақиқаи 65-ум ва Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаи 82-юм як голии дигар ба дарвозаи меҳмонон ворид намуда, ғалабаи соф ба даст оварданд.
Дар бозии охирини даври 6-ум дастаи “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Румӣ дар майдони худ аз тими “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.
Дар ин дидор Наимҷон Каримов, бозигари дастаи мизбон дар дақиқаи 37-ум ҳисобро боз кард. Нимаи аввали бозӣ бо ҳамин натиҷа анҷом ёфт. Нимаи дуюми сабқат бозигарони дастаи “Парвоз” Сӯҳроб Эгамбердиев дар дақиқаи 55-ум ва Илҳом Мирзоев дар дақиқаи 81-ум як голӣ ба ҳадаф расонида бозиро ба нафъи худ анҷом доданд.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:
Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 “Истиқлол” 5 5 0 0 18-4 15
2 “Равшан” 4 4 0 0 8-1 12
3 “РегарТадАЗ” 5 4 0 1 11-7 12
4 “Парвоз” 6 3 1 2 5-6 10
5 “Хайр” 4 2 1 1 6-5 7
6 “Хуҷанд” 5 2 1 2 5-4 7
7 “Энергетик” 6 1 2 3 4-7 5
8 “Вахш” 6 1 1 4 3-8 4
9 ССКА “Помир” 5 0 3 2 1-3 3
10 “Истаравшан” 5 0 2 3 2-7 2
11 “Панҷшер” 5 0 1 4 5-16 1
Голзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев (“Истиқлол”) – 6 тӯб, Юҷин Сепӯя (“Истиқлол”), Комил Саидов (“Регар-ТадАЗ”) –3 тӯбӣ.