Нигаронии сафорат аз афзоиши ахбори дурӯғи ВАО-и Русия оиди тоҷикон
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав имрӯз, 14-уми май бо пахши як иттилоия хабари расонаҳои русиро дар мавриди фавти тоҷикон дар сониҳаи нақлиётӣ дар вилояти Пенза рад кард.
Тавре Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, субҳи имрӯз, 14-уми май, дар садамаи нақлиётӣ дар вилояти Пенза на сокинони Тоҷикистон балки сокинони Чувашистон қурбон шудаанд.
Муҳаммад Эгамзод гуфт, давоми як шабонарӯзи охир ин дуюмин хабари дурӯғест, ки аз як манбаъ дар бораи тоҷикон пахш мегардад. Ӯ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки рӯзҳои охир ахбори номуътамад дар бораи тоҷикону Тоҷикистон дар ВАО-и Русия махсусан зиёд шудаанд.
Эгамзод таъкид намуд, ки ин масъаларо дар мулоқоташ бо намояндагони ВАО-и Русия, ки фардо, 15-уми май дар назар аст, баррасӣ хоҳад кард.