Иттиҳоди мусалмонҳо хостори таъсиси артиши исломӣ шудааст
Иттиҳоди мусалмонҳои Қазоқистон хостори таъсиси Легиони мусалмонӣ дар Осиёи Миёна барои мубориза алайҳи экстремизм шудааст.
Иттиҳоди мусалмонҳои Қазоқистон гуфтааст, аз пешниҳоди онҳо Кумитаи байналмилал дар умури ҳуқуқи инсон дар Осиёи Миёна низ пуштибонӣ кардааст. Онҳо гуфтаанд, таъсиси як созмони низомишабеҳ барои огоҳии даргириҳои маҳаллӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ кӯмак хоҳад кард. Гуфта мешавад, дар ҳайати он афроде низ шомил хоҳанд шуд, ки бо иттиҳоми экстремизми диннӣ зиндонӣ шудаанд.
«Шоҳид мешавем, ки бештари минтақаҳои буҳронӣ дар ҷаҳони ислом ба амал меоянд. Мебинем, ки мусалмонҳо бештар шомили созмонҳои эктремистӣ мешаванд. Дар ин ҳол мо пешниҳоди таъсиси чунин легионро кардем, зеро мусалмонҳо зудтар бо ҳам забон меёбанд»,-гуфтааст Мурат Телибеков, райиси Иттиҳоди мусалмонҳои Қазоқистон.
Иттиҳоди мусалмонҳои Қазоқистон гуфтааст, бо ирсоли як мактуб унвонии Владимир Путин, Нурсултон Назарбоев ва Барак Обама, райисҷумҳурони Русия, Қазоқистон ва Амрико хостори пуштибонӣ аз таъсиси Легиони мусалмонӣ шудаанд.