Эмомалӣ Раҳмон: Ба ниёзмандон дасти кӯмак дароз кунед
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо масъулини ҳукумати кишвар, дастгоҳи иҷроияи райисҷумҳур ва раисони вилоятҳо машварати корӣ доир намуд.
Зимни нишаст, нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов, муовинони сарвазир, аъзои ҳукумат ва як қатор сарварони корхонаю муассисаҳо, ҳамчунин раисони вилоятҳо иштирок намуданд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии президен иттилоъ доданд, доир ба мавзўи асосии машварат – ҷамъбасти пешакии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва иҷрои буҷети давлатӣ дар нимсолаи якуми соли равон, гузориши вазири рушди иқтисод ва савдо Фарух Ҳамралиев, вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири энергетика ва саноат Шералӣ Гул, вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов ва раисони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон – Қодири Қосим, вилояти Суғд – Қоҳир Расулзода ва вилояти Хатлон – Ғайбулло Авзал шунида шуд.
Раисони вилоятҳо, ҳамчунин доир ба ҷамъоварии ҳосили мева, ғалладонагиҳо, сабзавоту полезӣ, хўроки чорво, дигар зироатҳо ва рафти кишти такрорӣ дар заминҳои обӣ ахбор доданд.
Гуфтанист, таваҷҷўҳи бештар ба вусъати корҳои ободонию созандагӣ, омодагии ҷиддӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012, дар сатҳи баланди ташкилӣ омода кардани тантанаҳои бахшида ба таҷлили 20-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла чорабиниҳои оммавии фарҳангию варзишӣ зоҳир гардид.
Аз мардуми саховатпеша даъват карда шуд, ки дар рўзҳои моҳи шарифи рамазон, иди саиди фитр ва таҷлили 20 – солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, пеш аз ҳама ятимону бепарасторон, маъюбон, пирону барҷомондагон ва оилаҳои камбизоат дасти кӯмак дароз намоянд.{jathumbnail off}