Парвиз ва Ситора аз пайвандони Далер Назаров, аз номоварони мусиқии эстрадаи тоҷиканд. Парвизу Ситора бародару хоҳаранд ва дар Қазоқистон ба сар мебаранд. Онҳо дар шоу бизнеси он кишвар мақоми хос доранд ва бо таронаҳои худ дили ҳазорҳо нафарро тасхир кардаанд. Ҳар тарона ва ҳар клипи онҳоро тамошобини қазоқ гарм истиқбол мекунад.
Парвиз ва Ситора аслан дар алоҳидагӣ ҳунарнамоӣ мекунанд, аммо чанд таронаи муштараки онҳо нуфузашонро афзуд. «Райҳон» (таронаи Андӣ), «Америка-Европа» аз сурудҳои муштараки Парвиз ва Ситораанд, ки аз истиқболи гарми мухлисон бархӯрдор шуданд. Ин ду суруд бо русӣ иҷро шудаанд, аммо «Оре-оре»-ро бо тоҷикӣ хондаанд. Ин аввалин ҳунарнамоии парвиз тариқи шабакаи авввали телевизиони Русия нест. Дар соли 2012 низ ӯ таронаҳои «Лети» ва «Чарх бизан»-ро дар маҳфили телевизионие иҷро кард.
Парвиз ва Ситора аввалҳои солҳои 90-ум баъди ширкат дар ҷашнвораи «Садои Осиё» ё «Азия Дауысы» муаррифӣ шуданд. «Еду на юг», «Белые облака», «Крестная мать», «Синора», «Лети» ва «Чарх бизан» аз сурудҳои маъруфи Парвиз Назаров маҳсуб мешавад. Ситораро бошад, таронаи «Поговори со мной» маъруф кард.
Ҷадидтарин корҳои Парвиз Назаров тарона ва клипи «Светлые дни» мебошад, ки моҳи сипаришуда омода кардааст. Қарор аст, моҳи ҷорӣ албоми нави Парвиз бо номи «Буду с тобой» нашр шавад.