Вазир: Интернати сӯхтаи Шӯроободро то сентябр барқарор мекунем
Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон, барои барқарор намудани мактаб-интернати №13-и ноҳияи Шӯрообод, ки шаби 9 ба 10-уми май сӯхта буд, ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, нома кардааст.
Тавре Нуриддин Саидов дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, интизор меравад, ки рӯзҳои наздик барои дубора барқарор намудани хобгоҳи мактаб-интернат маблағ ҷудо гардад. Саидов илова намуд, мактаб-интернат, ки аз ҷумлаи калонтаринҳо дар вилояти Хатлон маҳсуб меёбад, то моҳи сентябри соли равон пурра барқарор мешавад.
Вазир таъкид сохт, ки сӯхтори баамаломада раванди таълими муҳассилини мактаб-интернатро халалдор накардааст ва он тибқи ҷадвал идома дорад: "Дар ҳоли ҳозир Вазорати маорифи Тоҷикистон барои хонандагони мактаб интернати Шӯрообод 100 рахти хоб ва либосу пойафзолро ирсол намудааст."
Мудирияти мактаб-интернати №13-и ноҳияи Шӯрообод, ки хобгаҳаш шаби 9-уми май ба коми оташ рафта буд, мегӯянд муваққатан хонандагонро дар синфхонаҳо ва маҷлисгоҳи интернат ҷой кардаанд. Абдураҳмонов Суҳроб, ҷонишини директори мактаб-интернати мазкур ба «Озодагон» гуфт, ҳудуди 100 хонанда, ки дар хобгоҳ ба сар мебурданд, то таъмир гардидани хобгоҳ дар синфхонаву толори консертии мактаб хоб мераванд.
Ин мактаб-интернат яке маъруфтарин таълимгоҳҳои Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, хобгоҳи он соли 1938 сохта шудааст.