54 ҳазор зан дар чор моҳ аз Тоҷикистон берун рафтааст
Дар 4 моҳи аввали соли равон 380 ҳазору 154 шаҳрванди Тоҷикистон ба хориҷи кишвар сафар намудаанд.
Тавре аз Хадамоти муҳоҷират ба «Озодагон» иттилоъ доданд, аз ин шумора 325 ҳазору 797 нафараш мардҳо ва 54 ҳазору 357 тани диагарро занҳо ташкил медиҳанд. Аз шумораи нафароне, ки дар ин муддат ба хориҷи кишвар рафтаанд, 322 ҳазору 645 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ буда, 288 ҳазору 281 тояш ба мардҳо, 34 ҳазору 364 нафар ба занҳо рост меояд.
Масъулини Хадамоти муҳоҷират мегӯянд, ин ниҳод на танҳо шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ, балки рафту омади тамоми шаҳрвандони ҷумҳуриро ба ҳисоб мегирад.
Бояд зикр намуд, беш аз 1 миллион муҳоҷири меҳнатии Тоҷикистон дар Русия ба сар мебаранд, ки бо интиқол додани маблағҳои худ дар рушди иқтисодиёти кишвар нақши назаррас доранд.