ҲНИТ шарҳи Зуҳуровро "ғайримантиқӣ" хонда, ба суд меравад
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки агар Хадамоти алоқа дар зудтарин фурсат дастрасиро ба сомонаи расмии ин ҳизб фароҳам накунад, ба додгоҳ шикоят хоҳад кард.
Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сардабири торнамои nahzat.tj, сомонаи расмии ҲНИТ, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ахиран ҷавоби Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаро дар мавриди сабабҳои масдудияти сомона дастрас кардаанд. Ба гуфтаи Файзраҳмонов Бег Зуҳуров даст доштани ниҳоди зертобеашро дар масдудияти сомонаи nahzat.tj куллан рад карда, маслиҳат додааст, ки ин мушкилро бо ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет баррасӣ ва ҳал кунанд. Файзраҳмонов мегӯяд, “ин посух моро қонеъ намекунад ва ғайримантиқию норӯшан мебошад.” Сардабири nahzat.tj таъкид намуд, ки дар сурати идомаи ин ҳолат аз болои Хадамоти алоқа ба додгоҳ шикоят хоҳанд бурд.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯзи 25 апрели соли ҷорӣ, соати 17:30 дақиқа, дастрасӣ ба сомонаи nahzat.tj, nahzat.net вa nahzat.org тариқи ширкатҳои муҳайёкунандаи интернет дар ҳудуди Тоҷикистон мутаваққиф гашта ва то ҳол барқарор нашудааст.