Ҳолати фавқулодда дар тайёраи Краснодар-Душанбе
Тайёраи Boeing 737-700-и ширкати «Базэл Аэро», ки шаби гузашта аз Краснодар ба Душанбе парвоз кардааст, дар нимароҳ ба норасоии ҳаво дар дохили тайёра дучор шудааст.
Тавре Маҳмадюсуф Шодиев, сухангӯи “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ дод, шаби гузашта соати 01:46 тайёраи Boeing 737-700 ба самти Душанбе ҳаракат мекардааст, ки баногоҳ бо мушкилоти техникӣ ба норасоии ҳаво дучор гардидааст: “Бо пеш омадани ин мушкил ҳайати халабонҳо оиди бозгашт қарор қабул кардаанд ва соати 03.54 тайёра дубора дар Красонодар фуруд омадааст.”
Шодиев афзуд, ки парвози дубораи ин тайёра, ки даҳҳо мусофир дар саҳн доштааст, фардо 15-уми май соати 2:40-и шаб бо вақти Краснодар сурат хоҳад гирифт.
Дар ҳамин ҳол масъулини «Базэл Аэро» ба хабаргузориҳои рус гуфтаанд, дар ин қазия ягон мусофир зарар надидааст.