Ночорӣ Сироҷиддини Муҳтоҷро овозхони сари роҳ кардааст (ВИДЕО)
Имрӯз, 14-уми май, марди миёнасоле, ки дар гузаргоҳи зеризаминии маҳаллаи Садбарг дар шаҳри Душанбе сурудхонӣ мекард, бо овози пурқуввати ҷарангосияш роҳгузарҳоро бетараф нагузошт ва дар як муддати кӯтоҳ дар атрофаш анбуҳи зиёди одамонро ҷамъ овард.
Ӯ, ки номаш Сироҷиддини Муҳтоҷ будааст дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, сари роҳро беҳтарин саҳна медонад. Сироҷиддин афзуд, ки “қаблан дар донишкадаи санъат таҳсил мекардам, аммо мутаасифона шароити пасти зиндагӣ имкон надод, то донишкадаро хатм кунам. Як замон омӯзгор будам, ҳозирҳо кам-кам дар кӯчаҳо сурудхонӣ карда як бурда нон меёбам. Муҳим ин нест, ки ман дар саҳна мехонам ё дар кӯча, муҳим он аст, ки дарди диламро мегӯям. Шунавандаи ман халқи одӣ аст, худашон ба садои ман баҳо медиҳанд. Ҳар касе, ки хост як суму ним сум медиҳад, ман ба ҳамин шукр карда, зиндагиямро пеш мебарам.”