Мураббиёни “Барселона” ба Қазоқистон меоянд
Мураббиёни Академияи дастаи футболи “Барселона” ба хотири омӯзонидани варзишгарони навраси қазоқ ба Остона меоянд.
Тавре расонаҳои хабарии қазоқӣ иттилоъ медиҳанд, қарор аст, мураббиёни Академияи дастаи футболи “Барселон”, яке аз беҳтарин тими футболи ҷаҳон ба муддати ду ҳафта вориди Остона шуда, варзишгарони қазоқро тамрин диҳанд. Гуфта мешавад, сарпарастии ин чорабиниро Оҷонсӣ оид ба умури варзишӣ ва тарбияти бадан “Назарбоев-Сентр” бар ӯҳда дошта, баргузоркунандаи он ТОО “Фановариҳои варзишии Қазоқистон” маҳсуб мешавад.
Ба иттилои манбаъ иштирок дар ин давраи омӯзиш, ки дар варзишгоҳи марказии Остона, пойтахти Қазоқистон “Остона-Арена” баргузор мешавад, ройгон буда, дар он наврасони варзишгар аз 9 то 11-сола метавонанд ширкат варзанд.