Қонуни Нютон: Назаре ба қазияи З.Саидов
Али Мастов, таҳлилгари сиёсӣ
Ман фикр намекунам руйдодҳои атрофи Зайд Саидов ба обрӯи кишвари мо ва раҳбарияти он заррае афзояд. Мувофиқи Сарқонун, Тоҷикистон кишвари демократист. Мо қариб дар ҳама ҷо, зери ҳама ҳуҷҷатҳои байналмиллалӣ ҳамчун кишваре имзо гузоштем, ки он арзишҳои демократӣ ва дахлнопазир будани моликияти шахсиро эътироф менамояд. Аммо чуноне мебинем, дар амал чунин нест. Ҳокимияти вақт ҳозир аст ба ҳар кори имконпазири ғайриқонунӣ даст занад, то ҳарфе ё фикре зиёдатӣ аз даҳони шаҳрвандон, иттиҳодияҳо, созмон ё ҳизбҳо набарояд.
"Корҳои профилактикӣ", ки ба наздикӣ аз ҷониби ҳукумат гузаронда шуданд ва бевосита бо 40-солагии ҲНИТ алоқаманд буданд, кори оқилонае набуданд. Ба меҳмонон раводид надоданд, додани ҷой барои чорабиниро манъ карданд, шанберо рӯзи корӣ эълон намуданд, дар макотиби миёнаву олӣ тафтишоти гуногун ба роҳ монданд. Дар хусуси роҳҳои таъсиргузории руҳӣ ва ҷисмонӣ ба аъзоёни аҳзоби сиёсии мухолиф ва шаҳрвандони ҳамфикри эшон ҳоҷати сухан нест.
Акнун навбати ҳизби навтаъсиси «Тоҷикистони нав» шуд. Мо ҳама дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон зиндагӣ мекунем ва ба хубӣ медонем, ки оқибати ҳар ташаббуси сиёсӣ, ки аз ҷониби ҳукуматдорон "танзим" нашудааст, ба чӣ меанҷомад. Аммо тарзи рафтор бо ҳизби нав ва ба хусус роҳбари он аз ҳад гузашт. Бояд дар назар дошта бошем, ки ин ҳизб ҳанӯз сабти ном нашудааст ва касе дар бораи онҳо ба таври дақиқ ва пурра чизе намедонад.
Шояд, дар ҳукумат бошанд нафароне, ки қонуни сеюми Нютонро донанд ё аққалан шунида бошанд: "Ҳар амал аксуламалро ба вуҷуд меорад". Наход ин қадар мушкил аст фаҳмидани он, ки бо чунин роҳҳои омехта бо ҷазо ҳукумат доираи худро танг мекунад? Наход намефаҳманд, ки бо вайрон кардани қонун, ҳукумат худаш заминаро барои тундгароӣ, экстремизм ва зери соя рафтани ҷомеа фароҳам мекунад?
Дар ҳоле, ки қавонини кишвар ва адолат аз ҷониби худи ҳукумат зери по мешаванд, чи гуна иҷрои онро аз халқ метавон талаб намуд? Охир, роҳи осон, пешгирии рехтани хун, инқилоб ва заду хӯрдҳо ҳаст. Барои ин, бояд ба одамон ва ҳизбҳои сиёсӣ имкон дода шавад то дар доираи Сарқонун ва дигар қавонини ҷорӣ ҳукумати худр интихоб намоянд. Бигзор дар парлумон мухолифини демократӣ, исломӣ, комунистҳо, миллатчиён (агар фашист нестанд) бошанд. Бигзор дар парлумон баҳсҳои тезу тунд бошанд, ин беҳтар аст аз ҳалли силоҳ тавассути зӯри силоҳ, ба монанди воқеъаҳои Рашту Хоруғ.
Аммо барои ин, ба фикри ман, ҳукумат бояд тағйироти ҷиддиро паси сар намояд, ба мардум наздиктар шавад. Дар он бояд нафароне бошанд, ки дар ҳақиқат мушкилотро мебинанд, ҳунари баҳс кардан доранд ва аз рақибон ё мухолифини қавӣ наметарсанд. Чунки агар ҳукумат қавист, мухолифин низ бояд қавӣ бошанд. Танҳо дар ин сурат фикр ва қонунҳои хуб метавонанд рӯи кор оянд.