Фаттоҳ Саидов нисбати генерал -"пуштибони Низомхон Ҷӯраев" парванда кушод
Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи гузашта, 13-уми май, генерали адлия, додситони собиқи Исфара ва масъули воломақоми Агентии фасод, Ғоибов Эмомро боздошт кардааст.
Фаттоҳ Саидов, директори Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон 13-уми майи соли равон нисбати генерали адлия, Ғоибов Эмом парвандаи ҷиноятӣ кушодааст, ки ӯ асосан дар рӯйпӯш намудани ҷиноятҳо ва пуштибонӣ аз Низомхон Ҷӯраев, собиқ раиси корхонаи кимёвии Исфара муттаҳам мешавад.
Тавре аз Оҷонсии фасод хабар доданд парванда алайҳи Ғоибов дар алоҳидагӣ аз парвандаи Низомхон Ҷӯраев, мавриди тафтиш қарор хоҳад гирифт. Ба иттилои манбаъ Ғоибов Эмом дар он муттаҳам мешавад, ки тайи солҳои фаъолияташ дар додситонӣ ва Оҷонсии фасод ҷинятҳои Ҷӯраевро рӯйпӯш намуда, аз ҷузъиёти тафтишот пайваста ӯро огоҳ мекардааст. Ба иттилои Оҷонсӣ ҳамкории Ғоибов бо Ҷӯраев ҳанӯз аз оғози солҳои 2000-ум, замони доситони Исфара будани Ғоибов оғоз шудааст:
“Тахминан моҳи ноябри соли 2000 сокини шаҳри Исфараи вилояти Суғд Халифаев С. оиди ҳолати лату кӯб шуданаш аз тарафи кормандони заводи спиртбарории шаҳри Исфара Исмоилов А. ва Бурҳонов С. ба прокуратураи шаҳри Исфара бо ариза муроҷиат намуд. 20-уми декабри соли 2000 аз тарафи прокурори ҳамин шаҳр Ғоибов Э.Н. бо қисми 2 моддаи 111 ва қисми 2 моддаи 334 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ҳолати номбурда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Тахминан пас аз ду рӯзи оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ, Ғоибов Эмом директори заводи номбурда Ҷураев Низомхонро ба утоқи кории худ, воқеъ дар идораи прокуратураи шаҳри Исфара даъват намуд. Зимни сӯҳбат Ғоибов аз Ҷураев Низомхон барои нест намудани парвандаи ҷиноятӣ 10.000 доллари ИМА-ро ба сифати пора, талаб кардааст. Ҳамзамон, Ғоибов Э.Н. кирдорҳои ғайриқонунии худро давом дода, ба Ҷураев Низомхон тавсия додааст, ки гумонбаршудагон Исмоилов А. ва Бурҳонов С. оиди гӯё дар рафти содир намудани дуздии ҷуворимакка дастгир намудани Халифаев С. аризаю нишондод диҳанд. Пас аз гирифтани пора Ғоибов парвандаи ҷиноятиро нобуд сохтааст.”
Оҷонсии фасод меафзояд, ки Ғоибов Эмом боз, соли 2007 дар вазифаи сардори Раёсати тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, оиди тафтиши парвандаи ҷиноятии № 1752 нисбати Ҷураев Низомхон ва дигарон роҳбари гурӯҳи тафтишотию фаврӣ таъин гардида, зимни фаъолияти хизматӣ ба ҷинояти гирифтани пора ба миқдори калон ва монеъ шудан ба тафтиши пешакӣ бо истифода аз мақоми хизматӣ даст задааст:
“Аз ҷумла, моҳи июни соли 2007 Ғоибов Э.Н. бо гумонбаршудаи парвандаи ҷиноятӣ Ҷураев Н.Ҳ. бо воситаи телефон ба алоқа баромада, барои ёрӣ дар раванди тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ҷураев Н.Ҳ. ва бародаронаш 100 000 доллари ИМА-ро талаб намудааст. 20-уми июни соли 2007 Ғоибов Э.Н. дар манзили истиқоматии худ, воқеъ дар кӯчаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев, бинои 78/1, ҳуҷраи 27 бо Ҷураев Н.Ҳ. вохурда, аз охирин 50 000 доллари ИМА-ро гирифта, боқимондаро низ талаб намудааст. Тахминан пас аз 3 рӯз, Ҷураев Н.Ҳ. ва Ғоибов Э.Н. ба воситаи телефон ба алоқа баромаданд. Дар рафти сӯҳбат Ғоибов Э.Н. аз эҳтимоли татбиқи чораи пешгирии ба ҳабс гирифтани Ҷураев Низомхон ӯро огоҳ намуда, таклиф кардааст, ки аз Тоҷикистон фирор намояд. Дар ин асос, Ҷураев Н.Ҳ. аз рӯи маслиҳати Ғоибов 25.06 соли 2007 аз фурудгоҳи шаҳри Ҳуҷанд, тавассути хатсайри Хуҷанд-Дубай ба Аморати Муттаҳидаи Араб фирор намуд.”
Оҷонсии фасод илова мекунад, ки “тахминан моҳҳои сентябр-октябри соли 2007 Ҷураев Н.Ҳ. аз шаҳри Дубай ба Ғоибов Э.Н. занг зада аз рафти тафтишот пурсон шуда, аз охирон огоҳ шудааст, ки масъала нисбаташ мусбӣ ҳал мешавад ва хотиррасон мекунад, ки боқимонда маблағро, яъне, 50 000 доллари ИМА-ро ба воситаи Ҳомидов Ю. ба ӯ расонад. Тахминан охирҳои моҳи октябри соли 2007 Ғоибов Э.Н. аз Ҷураев Н.Ҳ. ба воситаи Улмасов Ш. ва Ҳомидов Ю. боқимонда маблағро ба миқдори 50 000 доллари ИМА, ки ба сифати пора талаб намуда буд, гирифт.”
Оҷонсии фасод мегӯяд, Ғоибов 13-уми майи соли 2013 дастгир карда шуда, айни замон дар боздоштгоҳи муваққатии агентӣ нигоҳ дошта мешавад.