Дастури Бердимуҳаммедов барои оғози роҳи Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон
Ашқобод барои маросими расмии оғози сохтумони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон –Туркманистон омодагӣ мебинад.
Тавре расонаҳои туркманӣ иттилоъ медиҳанд, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон ба А.Егелеев, муовини нахуствазир ва вазири роҳи оҳани кишвараш дастур додааст, то барои оғози сохтумони роҳи оҳани “Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон” омодагӣ бинанд.
Дар мавриди ин роҳ миёни руасои ин се кишвар дар ҳошияи баргузории ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Ашқобод ёддошти тафоҳум ба имзо расида буд.
Ташаббускори ин тарҳ Эмомалӣ Раҳмон буда, ахиран Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, раисиҷумҳури Туркманистон низ аз лоиҳаи роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон дастгирӣ карда буд. Ба гуфтаи Бердимуҳаммедов ин лоиҳа рушди иқтисодию иҷтимоии Афғонистонро такон дода, инфрасохтори нақлиётии минтақаро густариш медиҳад.
Айни ҳол Тоҷикистонро бо кишварҳои хориҷ, роҳи оҳан тавассути қаламрави Узбакистон мепайвандад ва Тошканд зимни ҳамлу нақли бор тавасссути он пайваста монеаҳо эҷод мекунад.
Ин талошҳо дар ҳолеянд, ки аввали моҳи март зимни сафари мақомоти қирғиз ба Душанбе маълум гардид, ки Тоҷикистон аз лоиҳаи роҳи оҳани Чин-Эрон дар канор мондааст ва акнун ба ҷои Тоҷикистон дар ин лоиҳа Узбакистон ширкат хоҳад кард.