Дархости квота аз ҳукумат барои ҳамли сунъии безурётҳо
МАВЗУНА АБДУЛЛОЕВА
Ҳамакнун, дар Тоҷикистон низ мисли аксари кишварҳои пешрафта аз ҳамли сунъӣ барои фарзанддор шудани онҳое, ки аз безурётӣ ранҷ мебаранд, шароит ба вуҷуд омад. Шамсиддин Қурбонов, роҳбари Маркази тиббии «Насл», ҳамзамон мудири пажӯҳишгоҳи акушерию гинекологӣ ва перинтологияи ҶТ ҳозир шуд, аз бурду бохти ин марказ ва ҳадафҳои он бо “Озодагон” сӯҳбате анҷом диҳад.
Озодагон: Оқои Қурбонов, тавре иттилоъ ёфтем чанд вақт пештар нахустин таҷрибаи маркази шумо “бор” овард. Алъон бигӯед, ки вазъи саломатии модару кӯдак чӣ гуна аст?
Шамсиддин Қурбонов: Саломатии “набераҳои мо” хуб мебошад, модароне, ки дар маркази тиббии "Насл" тибқи барномаи ЭКО ҳомиладор шуда буданд, хуб арзёбӣ мешавад. Мо ҳар ҳафта аз саломатии онҳо хабар гирифта, вазъи тандурустии онҳоро месанҷем, кӯдакон дар ҳоли ҳозир нағз афзоиш меёбанд. Баъзе аз машваратҳоеро, ки аз тарафи духтурони кӯдакона барои ин атфол даркор аст, медиҳем. Сари вақт ёрии тиббӣ мегиранд. Ман ба фикри он нафароне, ки кӯдакони маркази моро бо тариқи сунъӣ таваллуд шудааст мегӯянд, розӣ нестам, чунки зан бо тариқи сунъӣ ҳомиладор намешавад. Одам тариқи барномаи ЭКО ҳомиладор карда мешавад, яъне берун аз раҳми модар ва дар шароити лабараторӣ тухмҳуҷайраи зан ва мард берун бароварда мешавад. Аз батни модар тухмҳуҷайраҳои занона ва аз мард тухмҳуҷайраҳои мардона берун бароварда мешавад ва дар шароити махсуси лабараторӣ инҳо бо якдигар омехта карда мешаванд, яъне бордор карда мешаванд. Таҷҳизоти озмоишӣ ин тухмҳуҷайраҳоро 25 ҳазор маротиба калон карда нишон медиҳанд. Маврид ба ёдоварист, ки аз 10 тухмҳуҷайраи интихобшуда, 2-тои он ки қобилияти инкишофёбӣ доранд, ҷудо карда мешаванд. Яъне, инҳо кӯдакони сунъӣ нестанд, кӯдакони интихобан ба воситаи тухмҳуҷайраи падару модарашон ба таври маснуъӣ дар ҷанини тиббӣ ташаккулёфта мебошанд.
Озодагон: Ин кӯдакон аз тифлоне, ки дар батни модар ба таври табиӣ инкишоф меёбанду таваллуд мешаванд фарқ доранд?
Шамсиддин Қурбонов: Ин кӯдаконе, ки дар бораашон мо ҳоло сухан меронем, аз тифлони ба таври табиӣ таваллудшуда ягон тафовут надоранд. Бо он далеле, ки ман бо таври мушаххас гуфта метавонам, аз 100%- и занҳои қобили тавваллуд ва ҳомиладори Тоҷикистон, ки бо тариқи таббиӣ бордор мешаванд, ҳудуди 30 то 40 дарсади онҳо гирифтори ин ё он намуди бемориҳои инфексионӣ мебошанд. Занҳое, ки тариқи барномаи ЭКО ҳомиладор мешаванд, аз кулли муоина ва ташхисоти тиббӣ мегузаранд, агар ягон мушкили гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ ва оҷизаҳои ҳормонӣ дошта бошанд, муолиҷа мешаванд. Барои онҳо сад дар сад шароити бесироятию саломатии беҳтарину тухмҳои беҳтарин инхоб карда мешавад ва баъдан бордор карда мешаванд. Бинобар ин, инҳо кӯдаконе ҳастанд аз лиҳози тамизу эпидемиологӣ дорои беҳтарин саломатӣ.
Озодагон: Пас аз он ки таҷрибаи шумо “натиҷа” овард ва ё худ “ҳосил” дод, теъдоди муроҷиаткунандагон чӣ гуна аст? Зиёд шуд, ё хайр?
Шамсиддин Қурбонов: Ба маркази тиббии "Насл" ҳармоҳ 2 ё 3 нафар барои аз барномаи ЭКО истифода кардан муроҷит мекунанд, лекин марказ имконияти сад дар сади 9- 10 нафар занро аз барономаи ЭКО гузаронидан дорад. Муроҷиаткунандагон нисбати пештара зиёд ҳастанд, лекин ин моро қонеъ карда наметавонанд, чунки дар муддати 2 сол 38 нафар аз барномаи ЭКО гузаштааст, ҳол он ки ин қадар одам метавонист дар як моҳ аз ташхису табобат гузарад. Сабаби кам будани муштариён шояд вазъи ноҷӯри иқтисодии шаҳрвандон бошад, ё чизи дигар...
Чанде қабл мо ба Руқия Атоева, муовини нахуствазири кишвар сӯҳбате доштем ва он ҷо иброз кардем, ки ба занҳое, ки фарзанд надоранду шароити иқтисодияшон хуб нест, ба хотири нигоҳ доштани оила аз ҳисоби ҳукумат квота ҷудо гардад. Яъне, ҳукумат ҳар сол ба оилаҳои бефарзанде, ки шароит надоранд, 40 -50 квота ҷудо намудояд, то онҳо тавонанд бо истифода аз ин соҳиби фарзанд гарданд. Ҳоло ҷорӣ намудани квота муайян нест, лекин шояд солҳои дигар татбиқ карда шавад.
Озодагон: Таҷрибаи маркази тиббии «Насл» дар Тоҷикистон аз шеваи бордоркунии занон дар дигар кишварҳои дунё чӣ фарқ дорад?
Шамсиддин Қурбонов: Таҷрибаи мо аз кишварҳои Исроил, Эрон, Русия ва Қазоқистон ҳеч тафовуте надорад. Онҳо ҳам дар ҳудуди 28 % натиҷагирӣ мекунанд, мо дар ҳудуди 34% натиҷагирӣ карда истодаем. Дар хориҷа ҳам қариб 18 то 20% аз барномаи ЭКО ҳомиладоршудагиҳо исқот мешаванд, дар мо ҳам ҳамин миқдор ба назар мерасад. Ба ҳар ҳол, дар мо таҷрибаю техника, муттахассисон ҳастанд, ки шаҳрвандони мо метавонанд аз он истифода кунанд.
Озодагон: То имрӯз чанд нафар зан тариқи барномаи мазкур ҳомиладор шудаанд?
Шамсиддин Қурбонов : Дар маркази тиббии "Насл" то ин замон 38 нафар зан аз барномаи ЕКО гузаштанд, яъне онҳо амалиёти ҳамлиро дар Тоҷикистон пушти сар карданд.Имрӯзҳо бошад, 6 бонуи дигар барои аз барномаи ЭКО гузаштан тайёрӣ дида истодаанд ва рӯзҳои наздик аз барнома мегузаранд. Ба замми ин 3 зани дигар барномаи ЭКО-ро ба анҷом расонида, аллакай модар шуданд. Аз ин 3 нафар зан, ду нафараш бо роҳи ҷарроҳӣ дугоник таваллуд карда, яктои дигараш бошад бо таври таббиӣ таваллуд кард. Имрӯз дар Тоҷикистон 5 писар аз се таваллуд тариқи барномаи ЕКО ба дунё омодааст. Феълан, 3 зан дар ҷараёни ҳомиладорӣ қарор доранд, баъди ду моҳ бошад зани 4- ум таваллуд мекунад.
Озодагон: Ҳолате буд, бо ин ё он сабаб ҳомиладорӣ тариқи барномаи ЭКО қатъ гардад?
Шамсиддин Қурбонов: Як чунин ҳолатҳо буданд. 4 нафар зане, ки аз тариқи барномаи ЭКО гузаштанд, ҳомиладорияшон қатъ карда шуданд. Яктояш дар мӯҳлати 18 ҳафтаина бо сабаби дар организми зан хурӯҷ кардани касалии сил, дигараш дар мӯҳлати 22 ҳафтаина, аз сабаби кафидани пардаи атрофи ҷанини кӯдак ва дутои дигараш ба сабабҳои гуногун.
Аммо ин охири кор нест ва ноумед шудан нашояд. Маркази тиббии "Насл" ба занҳое, ки ҳомиладорияшон қатъ карда шудааст, имконият медиҳад, ки пас аз 2 ё 3 моҳ омада аз сари нав бордор шаванд, зеро дар марказ ҳуҷайраҳои онҳо дар озмоишгоҳ мавҷуданд.