Оҷонсии фасод: Нисбати З.Саидов парванда боз накардаем
Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон мегӯяд, нисбати Зайд Саидов, соҳибкори маъруфи тоҷик ягон хел парвандаи ҷиноятиро боз накардааст:
“Аз натиҷаи санҷиш дар ширкати “Тоҷсохтмон байналмилал” барои азонихудкунии молу мулки ғайр ба миқдори махсусан калон ва сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Вале он нисбати Зайд Саидов ягон хел дахл надорад.” – навиштааст, “Азия плюс” аз қавли манбаи воломақомаш дар Оҷонсии мубориза бо фасод.
Ин манбаъ таъкид кардааст, ки барои камбудиҳои ошкоршуда на муассис, ки Хайруло, писари Зайд Саидов мебошад, балки роҳбарияти ширкат бояд ҷавоб гӯяд.
Ахиран Хадамоти матбуоти Оҷонсии фасод иттилоъ дод, ки санҷиши сохтмони иншооти “Душанбе-Плаза” ва “Ороиши дохилии (интерери ) ошёнаҳои 1-20, ҳамчунин таҳхонаву тавақуфгоҳи бино” собит намуд, ки зимни иҷрои корҳои сохтмонӣ масъулини «Тоҷ-Сохтмон-Байналмиллал” дар иншооти мазкур ба изофанависии ҳаҷми корҳои сохтмонӣ ба маблағи 1 миллиону 959 ҳазору 218 сомонӣ роҳ додаанд. Манбаъ мегӯяд оиди ҳолати мазкур санаи 10 майи соли 2013 аз тарафи Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон нисбати шахсони масъули ҶДММ «Тоҷ-Сохтмон-Байналмиллал» барои азонихудкунии молу мулки ғайр ба миқдори махсусан калон ва сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.
Ин парванда дар расонаҳо давоми маъракаи густурдаи мақомот алайҳи Зайд Саидов арзёбӣ шуд, ки баъди эълон дар бораи таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” роҳандозӣ гардид.