Донишҷӯёни туркман ҳам «облава» мешаванд
Чанде аз донишҷӯён туркманро, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекардаанд, ба сафи қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар бурдаанд.
Ин ҷавонон дар ҳоле ба артиш ҷалб шудаанд, ки барои таътил ба ватан баргаштаанд.
Сомонаи «Хроника Туркменистана» менависад, бештари «облава»-шудаҳо донишҷӯёнеанд, ки дар макотиби олии Русия, Белорус ва Украина таҳсил доштанд.
«Тайи ду соли ахир бо далели муҳоҷират ё таҳсил кардан дар хориҷи кишвар Туркманистон наметавонад ба осонӣ нақшаи даъват ба артишро таъмин кунад. Бо сабаби ба низоми таҳсилоти 12 сола гузаштани маориф ду соли дигар мактабҳои миёна хатмкунанда нахоҳанд дошт ва мушкилии ҷалби ҷавононро ба артиш дучанд мекунад», -менависад сомона.
Сабаби ба хориҷи кишвар рафтани ҷавононро торнамо дар мавҷуд набудани ҷойи кор арзёбӣ кардааст: «Бархе ҷавонон аз хориҷ танҳо ба хотири корҳои шахсӣ ба ватан бармегарданд, масалан, ҳангоми таътил ё барои гирифтани шиносномаи нав. Аммо онҳоро дошта ва ба хизмат мебаранд».
Ба иттилои манбаъ, танҳо онҳое, ба артиш ҷалб намешаванд, ки тибқи барномаи давлатӣ дар хориҷ таҳсил мекунанд.
Муҳлати хизмат дар қувваҳои мусаллаҳи Туркманистон ду солро ташкил медиҳад ва агар сарбоз маълумоти олӣ дошта бошад, танҳо як сол хизмат мекунад.