Гирдиҳамоӣ бо ҷалби ҳазорҳо нафар дар Душанбе
Саҳҳомони ҶДММ "Мовароуннаҳр" мегӯянд, барои озод намудани молу амволи хеш дар рӯ ба рӯи бинои парлумони Тоҷикистон даст ба гирдиҳамоӣ мезананд.
Тавре Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи саҳҳомони ҶДММ "Мовароуннаҳр" дар сафҳаи фейсбуки худ менависад, зерҳимояҳояш зимни як ҷаласаи худ, ки рӯзи 12-уми май баргузор гардид, тасмим гирифтаанд, ки 3-юми моҳи июн ба хотири озод намудани молу амволашон дар рӯ ба рӯи бинои Маҷлиси Олии кишвар гирдиҳамоӣ менамоянд.
Ба гуфтаи Ёров, саҳҳомони ҶДММ "Мовароуннаҳр иддао доранд, ки мақомоти судӣ дидаву дониста молу амволашонро озод намекунанд, ки дар сурати идома ёфтани ин раванд, онҳо имкони давом додани сохтмонро надоранд: “Ба хотири ҷалби диққати ашхоси мансабдори масъул, ба ин гирдиҳамоӣ зиёда аз 5000 шаҳрванд ширкат хоҳанд кард.”
Манбаъ афзуда, ки дар ин хусус расман ба ҳукумати шаҳри Душанбе огоҳнома равона шудааст.
Ёдрас менамоем, фаъолияти ширкати «Мовароуннаҳр» баъд аз ҳабси Ҷӯрабек Охунов, раиси пешини он дар соли 2010 қатъ шуда, суратҳисоб ё худ молу амволи ин ширкат ба ҳабс гирифта шуд. Саҳҳомони ширкат мегӯянд, мақомот ба ҳар далел монеи давоми кори ширкат мешаванд ва имкон намдиҳанд, ки ширкат биноҳои нимсохтаашро ба итмом расонад ва мизоҷонро бо хона таъмин намояд.