Сафорат: Миёни латтукӯбшудагон дар Чехов тоҷикон нестанд
Сафорати Тоҷикистон дар Русия имрӯз, 13-уми май бо пахши як иттилоия латукӯби муҳоҷирони тоҷикро аз ҷониби ҷавонони рус ҳангоми бозии футбол дар шаҳри Чехови вилояти Маскав рад кард.
Сафорат хабари расонаҳоро дар мавриди латтукӯби тоҷикон дар шаҳри Чехов беасос хонда, таъкид кардааст, ки гурӯҳи ҷавонони рус на муҳоҷирони тоҷик, балки шаҳрвандони Узбакистонро латтукӯб намудаанд.
Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, дар соли равон ин бори аввал нест, ки ВАО-и Русия дар мавриди тоҷикон ахбори нодурустро пахш мекунанд: “Ин масъаларо мо борҳо дар мулоқот бо намояндагони сохторҳои зидахл мавриди баррасӣ қарор дода будем. Ҳатто дар Анҷумани Иттиҳодияи рӯзноманигорони Русия, ки дар ин кишвар анҷумани олӣ дониста мешавад, мо ин масъаларо баррасӣ намудем, вале мутаассифона натиҷаи дилхоҳ надод. Ҳамкасбони мо қоидаи асосии санҷиши рўйдод ва мўътамад будани онро вайрон мекунанд.”