Харобкориҳои борон дар Ёвон ва бефаъолиятии масъулин (АКС)
Сокинони ноҳияи Ёвон мегӯянд, бо гузашти 20 рӯз аз харобшавии яке аз пулҳои калонтарини ноҳия мақомот барои барқарор кардани он шитоб надоранд.
Ба гуфтаи сокинон, ин пул, ки кӯчаи Ҷомиро бо маркази ноҳия мепайвандад, ахиран дар пайи боришоти зиёд фурӯ рафта, мушкилоти мардумро, зимни интиқоли мол ва маводи мавриди ниёз зиёд кардааст.