Барои «Тоҷик-Азот» то 9% андоз аз арзиши иловашуда коҳиш меёбад
Ҷамъияти саҳҳомии пўшидаи «Тоҷик- Азот» аз қабили корхонаҳое мебошад, ки баъди чанд соли таваққуф дубора ба фаъолият шурӯъ кард.
Ин корхона аслан ба истеҳсоли нуриҳои минералӣ барои эҳтиёҷоти соҳаи кишоварзӣ машғул аст. Тибқи иттилои вазорати энергетика ва саноат «Тоҷик-Азот» аз моҳи декабри соли 2008-ум инҷониб бо сабаби баланд шудани нархи гази табиии воридотӣ ва таъмини номунтазами нерӯи барқ фаъолияти истеҳсолияшро қатъ намуда, 600 нафар кормандонро ба рухсатии бемузд равона карда буд. Ҳоло бошад, бо оғоз гардидани фаъолияти корхона барои 800 нафар ҷойҳои нави корӣ муҳайё шудааст. Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон, барои аз муфлисшавӣ нигоҳ доштани ин корхона лоиҳаи қарори ҳукумат « Дар бораи чораҳои дастгирии давлатии ҶСП КМ «Тоҷик Азот» дар давраи то соли 2013»- ро таҳия ва пешниҳод намуд, ки он аз ҷониби ҳукумати кишвар қабул гардид.
Масъулини раёсати мошинсозӣ, саноати мудофиа ва кимиёи вазорати энергетика ва саноат дар робита ба ин қайд намуданд, ки айни ҳол аз тарафи вазорати молия лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати то 9% паст намудани андоз аз арзиши иловашуда ҳангоми тавҳили маҳсулоти тайёри корхона таҳия гардида, феълан мавриди баррасии парлумони кишвар қарор дорад. Ба итминони масълини ин раёсат, қабули санадҳои зикргардида барои дар бозори дохилӣ рақобатпазир гаштани нархи карбамиди истеҳсоли корхона ва ворид шудани маблағҳои иловагиро ба буҷаи давлат имкон медиҳад. Лозим ба ёдоварист, дар қисматҳои асосии корхонаи «Тоҷик- Азот» солҳои 2004-2006 системаи идоракунии автоматикии истеҳсолӣ ҷорӣ гардида, истеҳсоли маҳсулоти баландсифат таъмин гардида буд.{jathumbnail off}