Шаҳри Кӯлоб соҳиби 14 корхонаи саноатии нав мешавад
То охири соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб бунёди 14 корхонаи саноатӣ дар назар аст.
Дар ин бора Баҳром Саидов, мудири шуъбаи саноати шаҳрдори Кӯлоб иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, дар ин корхонаҳо дастикам 463 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд, ки 300 нафарашон занон хоҳанд буд. Дар поёни моҳи март дар шаҳри Кӯлоб ду корхонаи тавлидотӣ - нонпазию қаннодӣ ба кор андохта шуд. Аз 40 сокини шаҳри Кӯлоб, ки дар ин ҷо бо кор таъмин гаштанд, 24 нафарашон зан ҳастанд.