Мудир: Афроде боғи Пойтахтро “бадном” карданиянд (ВИДЕО)
Гулчеҳра Шарипова, мудири “Боғи пойтахт” мегӯяд, афроди алоҳидае дар шабакаҳои иҷтимоии интернет талош доранд, ин боғро "бадном кунанд."
Гулчеҳра Шарипова дар суҳбат ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, дар ҳоле, ки ҳамаи чархофалакҳои мо дуруст кор мекунанд ва дар онҳо се зинаи бехатарӣ истифода мешавад дар шабакаи интернет наворе пайдо шудааст, ки гӯиё дар “Боғи пойтахт” нафаре аз чархофалак афтидааст.
Субҳи имрӯз, 13-уми май, тариқи шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” наворе бо номи “Фоҷеа дар боғи Пойтахт” паҳн шуд, ки дар он лаҳзаи аз чархофалаки “Jupiter” ба замин афтидани чизе, ки зоҳиран ба одам монанд аст, намоиш дода мешавад. Ин навор баҳсҳои зиёдеро дар мавриди таъмин набудани бехатарӣ дар "Боғи пойтахт" ба бор овардааст.
Гулчеҳра Шарипова мегӯяд, кормандони ин боғ ва шахсан худи ӯ ба таври доимӣ дар саросари ин боғ назорат мебаранд, то ягон ҳолати фавқулода рух надиҳад: “Ман бори дигар тариқи сомонаи шумо мехоҳам ба ҳамаи шаҳрвандон муроҷиат кунам, ки пеш аз нишастан ба чархофалак бояд ҳамаи ашё худро ба шахси масъул супоранд, то дар ҳолати афтидани ашёи онҳо ягон нофаҳмӣ рух надиҳад. Мардуми мо худашон мушкилиро ба вуҷуд меоранд. Ҳангоме, ки мо ба онҳо муроҷиат мекунем, ки телефонҳои мобилӣ ё ҳуҷҷатҳои худро ба шахсони мутасаддӣ супоред, то ягон мушкилӣ рух надиҳад, онҳо гӯш намекунанду пинҳон нигоҳ медоранд. Ва ҳангоме, ки ашёи онҳо ба замин меафтад, онҳо ба мо норозигӣ баён мекунанд. Ҳангоми ворид шудан ба боғи пойтахт ҳар як шаҳрванд бояд қоидаю қонуни боғро риоя кунад”.
"Боғи пойтахт" аз ҷадидтарин боғҳои Тоҷикистон маҳсуб ёфта, бо насби муосиртарин чархофалакҳо соли гузашта ба истифода дода шуд.