Пирӯзии “Хайр” ва “Вахш” дар бозиҳои даври шашум
Ду бозии даври 6-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ доир гардид.
Дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ, тими ССКА “Помир”-и Душанберо бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голи ягонаи дидорро ҳамлагари дастаи мизбон Фурқат Мирҳайдаров дар дақиқаи 56-ум ба ҳадаф расонд.
Дар бозии дигари ин давр дастаи “Хайр”-и Ваҳдат тими “Энергетик” -и Душанберо бо ҳисоби 2:1 ма-луб сохт. Дар дақиқаи 72-юми бозӣ Бахтиёр Чориев, бозигари меҳмонон, кушод. Вале баъди ду дақиқа нимҳимоятгари “Хайр” Баҳодур Шарифов аз ҷаримаи 11-метра “пиналтӣ” ҳисобро баробар кард. Голи дувум ва ҳалкунандаи мизбононро ҳимоятгар Идибек Ҳабибуллоев дар дақиқаи 84-ум ба дарвозаи ҳарифон ворид намуд.
Се бозии даври 6-ум рӯзҳои 13-ум ва 14-уми май баргузор мешавад. Имрӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб дастаи “Равшан” бо тими”Хуҷанд”-и Хуҷанд рақобат мекунад. Рӯзи сешанбе, 14-уми май ду бозӣ миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе – “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Румӣ – “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров баргузор мегардад.