Ҳукумат ба ветерани 107-солаи бехона гуфтааст, “интизор бош...”
Ҳукумати шаҳри Кӯлоб дархости Одил Сафаров, ветерани 107-солаи бехонаро, ки дар арафаи 68-умин солгарди ғалаба бар Германияи фашистӣ аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур, кӯмак хоста буд, баррасӣ кардааст.
Исмон Хушвақтов, раиси дастгоҳи ҳукумати шаҳри Кӯлоб мегӯяд, баъди муроҷиати ветеран ба раисиҷумҳур аз хонаи ӯ дидан карда, ба хулосае омадаанд, ки бо муҳайё шудани имкон сараввал ӯро бо манзили зист таъмин мекунанд, то ӯ «кунчаки худро дошта бошаду аз касе вобаста набошад».
Хушвақтов афзуд, ки «муйсафед аслан зодаи Даштиҷум будаанд, аммо аз сабабе ки солҳои дароз сокини шаҳри Кӯлобанду иштирокчии ҶБВ ва шахси имтиёздор мебошанд, ба шуъбаи дахлдор супориш додем ки барои бо хона таъмин кардани ветеран чора андешанд. Аммо айни замон мо ягон хона насохта истодаем, вагарна яктоашро барои муйсафед ҷудо мекардем. Ҳар вакте, ки имкон шуд ҷудо мекунем.»
Дар арафаи Иди Ғалаба ба унвонии “Озодагон” аз собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз шаҳри Кӯлоб, Одил Сафарови 107-сола мактуб ворид гардид, ки дар он ветеран аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар барои соҳиби манзили зист шуданаш кӯмак мепурсад. Ӯ менависад, «се-чор маротиба ба сарвари давлат муроҷиат кардам, аммо ҳукумати шаҳр чораҷӯӣ накард».
Аз матни мактуб бармеояд, ки Одил Сафаров 23-уми феврали соли 1906 дар Кӯлоб ба дунё омада, ҳоло сокини кӯчаи Сангимад Даминзода (собик кӯчаи Куйбишев), хонаи 181 мебошад. Ӯ дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) ширкат карда, пас аз итмоми он ба ватан баргаштааст. Ҳоло бошад, аз сабаби надоштани хонаи истикоматӣ дар манзили ҷияни ҳамсари раҳматиаш (писари бародари занаш) ба сар мебарад.
«То имрўз чандин бор ба ҳукумати шаҳр муроҷиат кардаем, аммо бе фоида. Вакте кӯчаи «Чармгарон»-и шаҳрро соли 2010 сел гирифт, ваъдаи ба иштирокчиёни ҶБВ додани хонаро карданд, аммо ин дафъа ҳам надоданд»,- менависад Сафаров.
Собиқадори 107-сола аз он изҳори хиҷолат мекунад, ки умраш ба ҷое расидаву дар манзили хешованди ҳамсари марҳумаш ба сар мебарад. Ӯ менависад, хонаи ҷияни занаш ҳам ба вайрону валангор шудааст, аммо барои таъмиру тармими он дасташон кутоҳӣ мекунад. Ба болои ин, дар ҳавлии хурдакак ду бародару як хоҳар бо оилаҳояшон зиндагӣ мекунанд, даромади лозима ҳам надоранд, ки хонаи нав созанд.