Эътирофи Зоиров: “Умумимиллӣ” гуфтани ҲСДТ қонунӣ нест
Вазорати адлияи Тоҷикистон тавассути як нома аз умумимиллӣ муаррифӣ шудани Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон изҳори норозогӣ кардааст.
Ин ниҳод далели норозигияшро дар он гуфтааст, ки ин ҳизб дар Вазорати адлияи Тоҷикистон 20 декабри соли 2002 ҳамчун Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон сабти ном гаштааст, на Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократӣ.
Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСДТ ин эъроди Вазорати адлияро дар доираи қонунгузорӣ хонда, аз шахсони сеюм, аз ҷумла ВАО хоҳиш дорад, ки ҳизбашро чун ҲСДТ муаррифӣ кунанд. Зоиров таъкид кардааст, ки расман ҳизб дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли равон бо номи ҲСДТ ширкат хоҳад кард.
Ӯ ташреҳ додааст, ки “4 декабри соли 2011 дар Анҷумани ХII – уми Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) ба Оинномаи ҳизб тағйироту иловаҳо ворид карда шудаанд ва аз ҷумла ба номгуйи ҳизб калимаи «умумимиллӣ» илова гашта, ҳизб ҳамчун Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲУСДТ) номгузорӣ шуд: “ Аммо дар ҷараёни иваз ва таъмири офиси корӣ бо сабабҳои то имрӯз номаълум як қисми бойгонӣ, аз ҷумла Шаҳодатнома оид ба сабти номи Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) аз 20.12. с. 2002 гум шуд. Аз ин ру, Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) Оинномаи худро бо тағйироту иловаҳои воридшуда ва протоколи Анҷумани ХII – уми ҳизб бо замимаи ҳуҷҷатҳои лозими, аз ҷумла Шаҳодатнома оид ба сабти номи Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) аз 20.12. с. 2002, ба Вазорати адлияи ҶТ саривақт пешниҳод карда натавонист.”
Зоиров меафзояд, “тибқи қонунгузорӣ тағйирот ба ҳуҷҷатҳои таъсисии ҳизби сиёсӣ пас аз бақайдгирии давлатӣ барои шахсони сеюм эътибор пайдо мекунанд, яъне, то баррасӣ ва тасдиқ гардидани тағйироту иловаҳо ба Оинномаи ҲСДТ дар Анҷумани ғайринавбатии ҳизб моҳи сентябри с. 2013 ва бақайдгирии давлатии он дар Вазорати адлияи ҶТ, ҳизб дар дохили худ тибқи қарорҳои Анҷумани ХII – уми Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) аз 4 декабри с. 2011 амал карда, расман ва хусусан барои шахсони сеюм ҳамчун Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) амал менамояд.”