«Ҷашни бузурги хонаводагӣ» дар боғи «Пойтахт» (АКС)
Радиои «Ватан» ба муносибати 10-умин солгардид таъсис баъд аз зуҳри рӯзи 11-уми май дар боғи фарҳанг ва фароғатии «Пойтахт» чорабиниеро бо номи «Ҷашни бузурги хонаводагӣ» баргузор кард. Субҳон Ҷалилов, директори барномаҳои «Ватан» ба «Озодагон» гуфт, ки шаҳри Душанбе аввалин маротиба аст, ки шоҳиди чунин як чорабинӣ мешавад. Дар доираи «Ҷашни бузурги хонаводагӣ» озмуну викторина ва бозиҳои шавқовар барои кӯдакон ва волидони онҳо гузаронда шуд. Хабарнигори «Озодагон» аз ин чорабинӣ дидан кард ва чанд акс ҳам бардошт.