Таҳвили раёсат аз Тоҷикистон ба Қазоқистон
11 июл дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк маросими таҳвили раёсат дар гурӯҳи Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ) аз Тоҷикистон ба Қазоқистон сурат пазируфт.
Сироҷиддин Аслов, намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ зимни ин маросим гуфт, ба ҳайатҳои кишварҳои аъзои созмон барои ҳусни ҳамкорӣ ва ҷонибдорӣ кардани ҳайати мо дар давраи раёсати Тоҷикистон дар гурӯҳи СҲИ изҳори ташаккур менамоям ва ба Қазоқистон ба сифати раиси нави созмон комёбӣ таманно мекунам. Изҳори умедворӣ шуд, ки тағийрот дар номи созмон оғози таҷдиди фаъолияти он дар арсаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла СММ хоҳад буд.{jathumbnail off}