15 август 2017, 15:58
Миёни мардум овозаҳое паҳн шудаанд, ки гӯиё Ҷамшеди Ҳалим, ки бештар бо ҳунарнамоиҳояш дар барномаи ҳаҷвии “Лаҳзаҳои гуворо” маъруф аст, барои роҳ додан ба таҳқир боздошт шудааст.
15 август 2017, 10:14
Рухшона Муродова, муштзани тоҷик аз ҳамватанон даъват намудааст, ки дар нахустин қувваозмои касбияш аз рӯи навъи муҳорибаи омехта дар Маскав ӯро дастгирӣ кунанд.
14 август 2017, 17:09
Додгоҳи ноҳияи Файзобод як модари серфарзандро барои гузарондани маъракаи қудоталбон ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, муодили 5 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.
14 август 2017, 12:05
Ширкати австролиёгии Assured Removalists нархи хонаи кишварҳои ҷаҳонро дар таносуб бо маоши миёнаи сокинонашон раддабандӣ кардааст.
11 август 2017, 17:33
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо пешниҳоди тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз парлумон хостааст, ҷавобгарӣ барои нақзи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо пурзӯр карда шавад.
11 август 2017, 16:15
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 11 август лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳоро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони кишвар ирсол намуд.
11 август 2017, 14:09
Ҳайати 15 нафарии хайрхоҳон аз Раёсати барқ ва оби Дубай рӯзи ҷумъа барои кӯмак ба оилаҳои ниёзманди тоҷик ба Душанбе омадаанд.
10 август 2017, 14:10
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон санад барои густариши ҳамкории гумрукӣ бо Эронро ба тасвиб расонд.
8 август 2017, 22:34
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон имрӯз, 8-уми август иттилоъ дод, ки омилони қатли Сафаралӣ Кенҷаев, собиқ раиси Шӯрои олӣ ва раҳбари Ҳизби сотсиалистӣ баъди 18 сол ошкор шуданд.
8 август 2017, 14:31
Хоҳари Ғаффор Мирзоев, яке аз фармондеҳони замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ки ба ҳукми абад маҳкум шудааст, гуфта, ки аз ҳолу аҳволи ӯ хабар надоранд.
8 август 2017, 11:01
Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар вилояти Суғд 4 нафар ҳалок ва 2 кас захмӣ шудааст. Ин садама шаби 4 ба 5 август дар ноҳияи Зафаробод ба вуқӯъ пайвастааст.
8 август 2017, 08:54
Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҳукумати Тоҷикистон Ҷумъазода Мурод Холро аз вазифаи Сардори Саридораи геологияи назди ҳукумат озод кардааст.
7 август 2017, 15:22
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо судури чанд фармон бархе сафиронро аз вазифа озод ва ба ҷойи онҳо афроди дигарро таъйин кардааст.
7 август 2017, 10:00
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе мақомоти милисаи пойтахтро муваззаф кардааст, ки дар Иди Қурбон аз забҳи чорво дар ҷойҳои муқаррарнашуда ҷилавгирӣ кунанд.
5 август 2017, 13:02
Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе барои дарёфти ҳуқуқи хизматрасонӣ дар хатсайри рақами 28-и Душанбе озмун эълон кардааст.