1 март 2015, 18:47
Гулрӯй, як ҷавонзани тоҷик мегӯяд, ки пас 9 соли зиндагӣ бо ҳамсараш, хусуру бародарони шавҳараш Исмоил Саломов ӯро бо 3 фарзанд аз хона пеш карда истодаанд. Ба қавли ӯ, онҳо гуфтаанд, ки «ба хонаи волидайнаш биравад, дар ин хона ба ӯ ҷой нест». Ӯ феълан намедонад ба куҷо равад ва чӣ кор кунад.
28 феврал 2015, 18:47
Прокуратураи вилояти Хатлон аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ алайҳи се ҷавон – се бародар аз ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бо иттиҳоми даст доштанашон дар экстремизм хабар дод. Ин се фарзанди як хонавода бо мақсади «ҷиҳод» ба Сурия рафтаанд. Онҳо бо вуҷуди ин ки дониши мукаммали динӣ надоштаанд, дар пайравӣ аз андешаҳои ифротӣ ҳатто арзишҳои миллиро ширку бидъат дониста, ширкаташон дар даргириҳои Сурияро кори ҳақ ва «дифоъ аз ислом» мехонанд…
28 феврал 2015, 18:47
Суҳбате дорем бо Саидҷони СОРБОНХӮҶА, муовини муфтии Тоҷикистон, сархатиби масҷиди марказии шаҳри Қӯрғонтеппа
28 феврал 2015, 17:36
Бар тибқи омори мақомотҳои Тоҷикистон шумори бештари ҳодисаҳои худкушӣ ба вилояти Суғд рост меояд. Вале то ба ҳол дар назди ҳеҷ кадом ниҳодҳои расмӣ дар ин вилоят ягон маркази бӯхроншиносӣ амал намекунад, ки рухдоди ҳодисаҳои маргталабии сокинонро таҳқиқ намояд. Иллати даст ба худкушӣ задани занони тоҷик моҷаро дар хонаводаҳо гуфта мешавад. Аммо бояд гуфт дар қатори мардҳо ҳатто ноболиғон низ имрӯз ба ин кор даст мезананд. Воқеаи ахир дар ноҳияи Конибодом ҳангоме, ки як хонандаи мактаб худро бо ҳалқаи ресмон ба дарахт ба дор кашид аксариятро ба тааҷӯб овард.
28 феврал 2015, 17:22
Масъулони ҳукумати ноҳияи Бохтар дар Хатлон мегӯянд, 3 сокини ин ноҳия дар ҷараёни даргириҳо дар Сурия ҷон бохтаанд. Ба қавли онҳо, 5 "ҷиҳодӣ"-и дигар аз ин минтақа ҳанӯз дар Сурия қарор доранд.
26 феврал 2015, 16:01
Хабари кушта шудани Маҳмадшариф Сайдалиев, сокини 30-солаи ноҳияи Бохтар дар Сурия, модари 67-солаи ӯро мубтало ба беморӣ карда ва манзили онҳо мотамхонаеро мемонад.
24 феврал 2015, 19:05
Ҳафта гузашта наврас Б.А-и 15 сола дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон худро ба дор овехта, ҷон додааст. Мувофиќи баъзе маълумоти ғайрирасмӣ, ноболиғ субҳи рӯзи ҳодисаи баамаломада бо бародараш дар мавриди нигоҳубини чорвои хонагӣ кашокаш карда, ҳамдигарро «хафа» мекунанд.
23 феврал 2015, 21:26
Солҳои охир дар вилояти Хатлон мавридҳои зиёди нақзи ҳуқуқи кӯдакону наврасон ба мушоҳида мерасад, ки мояи нигаронии мақомоти давлатӣ ва ҷомеашиносон шудааст. Иҷборан ба шавҳар додани духтарони ноболиғ як далели бебаҳси поймолшавии ҳуқуқи онҳост, ки дар бештари маврид аз ҷониби волидайн нақз мешавад.
22 феврал 2015, 19:01
Танҳо давоми як соли гузашта ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон дар бораи 33 мавриди дузанагӣ шикоятҳо расидааст. Милитсия мегӯяд, ки бисёрникоҳии ин 33 мард асосан дар натиҷаи ҷанҷолу кашмакашҳои занони якуму дуввум ва шикояти онҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ошкор шуда, ин мардҳо бо айби «дузанагӣ ё серзанагӣ» тибқи моддаи 170-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба муҷозот кашида шуданд.
Дар байни «дузанаҳо» ягон нафари мансабдор набудааст.
20 феврал 2015, 22:26
Ҷаҳонгир Ҷ., сокини шаҳри Ваҳдат, ки чанд соли ахир дар шаҳри Маскави Русия сохтмончӣ шуда кор мекунад, аз таблиғи пай дар пайи, ба гуфтаи худаш, гурӯҳе аз ифротгароёни тоҷику узбак ба ҳарос афтода, маҷбур шудааст, ки бо панҷ нафар шарикаш ҷойи корашро иваз намояд.
20 феврал 2015, 19:08
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади коҳиш додани мизони азҳампошии оилаҳо ба унвонии масъулони ҷамоатҳои деҳот ва шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия нома фиристода, барои қабл аз бастани ақди никоҳи давлатӣ аз муоинаи тиббӣ гузаштани навхонадорон дастур додааст.
19 феврал 2015, 10:56
Ҳеҷ як ҷавони тоҷик аслан ҳавасу орзуи Сурия ва Ироқ рафтанро надорад!
19 феврал 2015, 10:41
Зиёдбеку Эраҷ аз мардҳо илтиҷо мекарданд, ки онҳоро назананд, ятиму бекасанд, гурусна монданд, вале се марди ихтиёр аз даст дода, ноболиғонро бо мушту лагад ва пояи курсӣ мезаданду мезаданд...
18 феврал 2015, 16:41
Теъдоди ҷавононе, ки аз минтақаи Кӯлоб дар донишгоҳу донишкадаҳои исломӣ таҳсил мекунанд, дар муқоиса бо соли гузашта чаҳор баробар афзоиш ёфтааст.
18 феврал 2015, 14:41
Пайравони равияҳои гуногуни экстремистӣ баробари даст задан ба ҳар гуна корҳои номатлуб ва тайёр кардану амалӣ сохтани нақшаҳои террористӣ ба афзун сохтани сафи тарафдорони худ кушиш намуда истодаанд.