Бахшҳо

Посухи Мулло Абдураҳим: Чаро аз ҳисоби ҲНИТ мансабро қабул кардед?

Абдураҳим Каримов, маъруф ба Мулло Абдураҳим, ки худро бунёдгузори Ҳизби наҳзати исломӣ дар собиқ вилояти Кӯлоб муаррифӣ мекунад, дар маҳфили “Гуфтугӯи тамаддунҳо” дар Душанбе ин ҳизбро гунаҳкори ҷанги шаҳрвандӣ ва Эронро пуштибони он хонд.

Мулло Абдураҳим, собиқ узви Комиссияи оштии миллӣ (КОМ), раҳбари пешини Кумитаи гумрук ва ҳоло декани факултаи филологияи шарқи Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа имрӯз, 25 феврал изҳор дошт, рӯзҳои аввали ташкили майдонҳо дар Душанбе то ҳадде тавонист, мардумро ба майдони Шаҳидон ҷалб кард: “Гумон кардем, ки мардумро барои Ислом ба майдон меорем. Намедонистам, ки ин ҷанги таҳмилӣ аст”.

Меҳмони маҳфили "Гуфтугӯи тамаддунҳо" афзуд, ҳақиқати ҳолро дар Афғонистон, замоне ки барои овардани силоҳу идомаи ҷиҳод рафт, дарк намуд. Ӯ гуфт, то сафараш ба Афғонистон ҲНИТ-ро ваҳҳобӣ гумон мекард, аммо дар Афғонистон фаҳмид, ки пушти ин ҳизб Эрон меистад: “Ман шаш моҳ пеш аз роҳбарони дигари ҲНИТ ба Афғонистон барои силоҳ рафтам. Аҳмадшоҳи Масъуд дар мулоқоти нахустин дар мавриди силоҳ чизе нагуфта, изҳор дошт, саросема шудед. Ғуломмуҳаммади Ориёнпур, устоди Аҳмадшоҳ гуфт, ки ҲНИТ дар хизмати шиаҳо қарор гирифтаст. Ман ба ин бовар намекардам ва баҳсҳо менамудем”.

Ба гуфтаи Мулло Абдураҳим, баъди 6 моҳи будубош ва таълимаш дар Афғонистон роҳбарони ҲНИТ - Саидабдуллоҳи Нурӣ, Муҳаммадшариф Ҳимматзода бо гурезаҳои дигар тавассути Дарвозу Бадахшон ба Кундуз ва баъдан ба Тахор рафтанд. Ӯ мегӯяд, дар мулоқоти роҳбарони ҲНИТ бо Аҳмадшоҳи Масъуд ва Бурҳониддин Раббонӣ решаи шиа доштани ҲНИТ-ро фаҳмидаст: “Вақте Раббонӣ аз Нурӣ суол кард, ки раис кист? Нурӣ посух дод, ки Ҳимматзода ва худро роҳбари руҳонии ҳизб муаррифӣ намуд. Раббонӣ дарҳол хост, ки сохтори ҳизб тағйир дода шавад, зеро роҳбари руҳонӣ танҳо дар Эрон аст ва агар сохтори ҳизб тағйир дода нашавад, Раббонӣ ва мардуми Афғонистон аз он пуштибонӣ нахоҳанд кард”.

Абдураҳим Каримов дар идома гуфт, дар пайи ин суҳбат дар Тахор дафтари раёсати ҲНИТ ташкил шуда, сохтори он тағйир дода шуд: “Нурӣ-раис, Ҳимматзода-муовин ва Тураҷонзода, ки баъдан омад, муовини аввал таъин гардид. Ман қумандони қисмати шимолии Афғонистон ва ҷануби Тоҷикистон будам”.

Меҳмони маҳфил изҳор дошт, Эрон тоҷиконро дар Афғонистон низ ором нагузошта, зану мардро барои таълим ба ин кишвар мебурд ва таълимдидаҳо аз он ҷо шиа бармегаштаанд: “Дар ҳамон ҷо ман 70% дарк кардам, ки дар хизмати Эрон қарор доштаам”.

Дар ҳоле ки бархеҳо решаи наҳзатро ба кишварҳои арабӣ пайванд медиҳанд, оқои Каримов изҳор дошт, ягон далеле дар ин бора рӯи даст надорад ва баръакс як араб замони майдоннишиниҳо назди Сайид Абдуллоҳи Нурӣ омада, хостааст, аз ин кор даст кашанд. Каримов гуфт, ин арабро, ки номашро намедонад, шахсан худаш ба хаймаи Нурӣ овард: “Араб чорзону зада, аз Нурӣ хост, ки ҳанӯз ҷанг нашудаасту ҳоли милллатро табоҳ накунед. Ӯ гуфт, ин кори Эрон аст. Аммо Нурӣ посух дод, ки арабҳо бахиланд ва намехоҳанд пешрафти Ислом дар Тоҷикистонро бинанд. Ман суханони Нурӣ дар мавриди бахилиро тарҷума накардам, аз қавлаш гуфтам, ки алайҳи коммунистҳо мубориза мебарем ва агар даст ёбем давлати исломӣ ташкил медиҳем. Араб гуфт, ки коммунистҳои шумо аз Эрон сад бор беҳанд ва абарқудратҳо имкон намедиҳанд, ки шумо давлати исломӣ ташкил кунед”.

Дар идома Муллло Абдураҳим таъкид кард, ки Тоҷикистон ду қаҳрамон дорад -- ҲНИТ ва Эмомалӣ Раҳмон: “ҲНИТ – қаҳрамони ҷанг ва Эмомалӣ Раҳмон қаҳрамони сулҳ”-анд.

Ба ин суол, ки агар дарк карда буд, ки ҲНИТ гунаҳкори ҷанги дохилӣ ва хизматгори хоҷагони хориҷӣ буд, чаро Мулло Абдураҳим баъди бозгашт аз Афғонистон аз ҳисоби ин ҳизб мансаб гирифт, посух дод, "одамони гунаҳкор, ки мансаб гирифтанд зиёд буданд". Ӯ, ки баъди бозгашт аз Афғонистон ва истиқрори сулҳ аз ҳисоби ҳайати сидарсадӣ сардори Хадамоти гумрук ва муовини раиси Агентии мубориза бо маводи нашъадор шуд, афзуд, агар ин мансабҳоро намегирифт, ягон нафари дигар соҳиб мешуд.

Ин собиқ узви Комиссияи оштии миллӣ аз ҷониби мухолифин даъво кард, ки сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон маҳз бо талошҳо ва фидокориҳои Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Мулло Абдураҳим гуфт, худро одами шуҷоъ меҳисобад, аммо агар ба ҷойи Эмомалӣ Раҳмон мешуд, дар он солҳо, ки ҳама ҷо ҷанг буд, барои мулоқот бо мухолифин ба Афғонистон намерафт. Ӯ афзуд, дар баробари Эмомалӣ Раҳмон дар сулҳи тоҷикон Аҳмадшоҳи Масъуд ва Бурҳониддин Раббонӣ низ саҳми бузург доранд. Ӯ таъкид кард, Эрон ҳам дар баробари Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Покистон ва Афғонистонро ҳам муҳим хонда гуфт, "дар атрофи Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ шуда, дар сулҳи тоҷикон саҳм гузоштааст".

Изҳороти зиддунақизи дигаре, ки аз ҷониби Мулло Абдураҳим дар маҳфили “Гуфтугӯи тамаддунҳо” садо дод, дар мавриди ҳамла ба “заставаи 12-ум"-и неруҳои марзбонии Русия дар моҳи июли соли 1993 буд. Дар ҳоле ки зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо руҳониён дар соли 2013 Мулло Абдураҳим масъулияти ҳамла ба ин “застава”-ро ба дӯш гирифт, дар маҳфили “Гуфтугӯи тамаддунҳо” изҳор дошт, замони сурат гирифтани ин ҳамла дар Покистон қарор дошт: “Ман ҳамеша зидди ҳамлаҳо ба хоки Тоҷикистон будам, чун қумандони шимол будам, иҷозат намедодам. Аз он тараф зиёд мехостанд, ки ба хоки Тоҷикистон зада дароянд. Барои ин хунхорҳои Ризвон Сиддиров, аз ҷумла Эшони Ҷунайд, ки муҳофизи Ризвон буд ва дигарон ба ҷони манд таҳдид мекарданд. Аммо Омир Башир, қумандони маъруфи дигар, ки дар баробари Масъуд ва Раббонӣ дар сулҳи тоҷикон саҳм дорад, ба ҳимояи ман мехест. Ман дар минтақаҳои ҳамсарҳад бо Шӯрообод будам ва замони ин ҳамла Нурӣ маро ба Тахор даъват карда, ба Покистон фиристод. Вақте ман дар Покистон будам, ин ҳамла сурат гирифтаст”.

Абдушафеъ Тоҷев, рӯзноманигори пешини “Кулябская правда” ва корманди неруҳои марзбонии Тоҷикистон, ки худро иштирокчии бевоситаи амалиёти зидди мухолифин, ба вижа гуруҳи Мулло Абдураҳим муаррифӣ кард, дар хитоб ба меҳмони маҳфил гуфт, "шумо чоруми июни 2013 дар вохӯрӣ бо роҳбари давлат иқрор гаштед, ки "заставаи 12-ум"-ро ман задам, аммо имрӯз мегӯед, ман набудам"

Мулло Абдураҳим дар посух гуфт, “Шумо гуфтед, ки соли 2013 ман иқрор шудам, ки "застава"-ро задам. Ман ки дар пеши Президент хестаму суханро сар кардам, президент ба мардум гуфт, ки ҳаминро шинохтед? Мардум гуфтанд, ки не. Президент гуфтанд, ки ин ҳамон Мулло Абдураҳим аст, ҲНИТ-ро ба Кӯлоб ҳамин бурд. Лидери оппозитсия буд, "заставаи 12-ум"-ро ҳамин зад. Гуфтам, дуруст. Мувофиқи гуфтаи Қуръон роҳбар якто мешавад, зананда 100- то. Роҳбар бошад, набошад ба номи ҳамон хатм мешавад. Ман дар Покистон будам дар ҷабҳаи ман қумандонҳоям ҳамла карданд ва ба номи ман сабт мешавад. Ман гӯиё задам, аммо набудам”.

Дар идома Каримов, ҲНИТ-ро террористӣ унвон карда, гуфт, худи ӯ метавонад, далел бошад, ки бо гуноҳашон "ҳазорҳо зан бева ва ҳазорҳо фарзанд сағера монд". Ӯ ҳамчунин дар танишҳояш бо Мулло Ҳайдар дар охири солҳои 80-уми асри гузашта дар Кӯлоб, Ҳизби наҳзати исломиро гунаҳкор кард, ки гӯиё ӯро маҷбур мекардаанд, зидди Мулло Ҳайдар баромад кунад: “Мардумро ҷамъ карда, зидди Мулло Ҳайдар дар масҷиду ҷанозаҳо баромад мекардем. Мулло Ҳайдар гуноҳ надошт. Маро наҳзат маҷбур мекард”.

Дар мавриди эҳтимолияти такрори даргириҳо Мулло Абдураҳим изҳор дошт, "хоҷагони хориҷӣ ором намешинанд" ва барои таъмини суботу оромӣ дар кишвар зарур хонд, ки "ҳама атрофи Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шаванд". Ӯ аз соддагӣ ва камдонишии мардуми мусалмон интиқод намуд, ки "аз пушти ҳар нафаре, ки саллаи калон баста, риш монда, чор гап мезанад", пайравӣ мекунанд. Мулло Абдураҳим инчунин интернетро вабо хонд, ки тавассути он ҷавонон гумроҳ мешаванд: “Ба номи Ислому ҷиҳод абарқудратҳо мусалмонҳоро ҷанг меандозанд. Ин абарқудратҳо парвои масҷиду намози моро надоранд, аммо имрӯз садо баланд, мекунанд, ки ҳукумат зидди Ислом аст. Ҷиҳод кунед, мегӯянд, мақсад аз байн бурдани оромист”.

Дар поёни маҳфили "Гуфтугӯи тамаддунҳо" Каримов аз Афғонистон мисол зад, ки то пайдоиши ҳизбу ҳаракатҳои ба номи Ислом дар ин кишвар ҷанг набуд ва аз тоҷикистониён даъват кард, ба қадри оромии кишвар бирасанд.
Мӯҳр
ДЖОН КЕРРИ
ИН МАРД ДАР АСОСИ СУЛХ ВА ВАХДАТ БАСТАН ХАМОН ЧОРЧУБАРО НИГОХ ДОШТ. ГУФТ КИ МАН ДИГАР БА ОШУБХОИ СИЁСИ ДАСТ НАМЕЗАНАМ. БАР ВАЪДАИ КАРДАГИЯШ 100% ИЧРО НАМУД.
БИНЕД ДАР БАЙНИ ИН КАДАР СОЛ АЗ ВАЗИФААШАМ ГИРИФТАН СОДДИКИ ХАЛКУ ВАТАН БУД.
КАБИРИ МЕГУФТ КИ САБР КУНЕД - САБР КУНЕД ЛЕКИН ДИЕМ КИ САБРАШ БО ЧИ БАРОМАДУ ЧИ НАКШАХО ДОШТААСТ.
ОФАРИН БОБОИ ДОМУЛЛО АЗ ШУМО ЭХТИРОМОНА ХОХИШ МЕНАМОЯМ, КИ БОЗ НИШАСТИ МАТБУОТИ КУНЕД. ЧИЗЕ КИ БУД БА МАРДУМ ФАХМОНЕД, ГАПА РОСТАША. ОФАРИН, ОФАРИН БОБОИ ДОМУЛЛО

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)