Бахшҳо

Видеои Эшони Нуриддин: “Паём"-и маро ба президент расонед

Эшони Нуриддин, руҳонии маъруф ва яке аз бародарон Тӯраҷонзодаҳо, аз ҷорӣ шудани бархе маҳдудиятҳои динӣ дар кишвар ҳангоми як суханронии ахираш шадидан ибрози нигаронӣ карда, мегӯяд, дар робита паёми ӯро ба раисиҷумҳури кишвар расонанд.

Ин руҳонии тоҷик мегӯяд, агар як тӯй ё рақсу бозӣ бошад, истифодаи балангӯяк ё микрофон иҷозат аст, вале барои як руҳонӣ иҷоза намебошад. “Имрӯз душманони Ислом бисёр талош доранд, Шумо ва фарзандҳоятонро аз Ислому Қуръон ва пайғамбаратон ҷудо созанд”,-мегӯяд ӯ дар баромадаш.

Ӯ таъкид кардааст, сабаби зиёд шудани бадахлоқӣ ва бемориҳои руҳӣ дур кардани мардум аз фаризаву русуми динияшон мебошад: “Азон аз хонаҳои мусулмонон дур шуд. Азон аз гӯши тифлҳои навзод дур шудааст, ҳоло аввалин сухане, ки онҳо баъди ба дунё омадан, мешунаванд, ин дашном аст, аз сӯи ҳамшираҳо.”



Эшони Нуриддин бо зикри манъ шудани азон тариқи балангӯякҳо дар масоҷид дар хитоб ба ҷорикунандаҳои ин иқдом, мегӯяд: “Ин манъкунандаҳо фардо дар пеши соҳиби азон чӣ мегуфта бошанд?! Дар пеши як ҳокиме, ки мисли худашон як инсон аст, барои ҷавоб додан, лабашон кушода намешавад, дар пеши Офаридагори замину осмон чӣ мегуфта бошанд?!”

Дар ин авохир ин яке аз наворҳои баҳсбарангези Эшони Нуриддин аст, ки дарҳол ба интернет роҳ ёфта, миёни корбарон низ мавриди баҳс қарор гирифтааст. Баъд аз онки масҷиди “Муҳаммадия”, мутааллиқ ба хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо мақоми ҷомеи худро аз даст доду амри маъруф ва сабти он камтар шуд, наворҳои Эшони Нуриддин хеле кампайдо буданд.

Эшони Нуриддин 20 марти 1953 дар деҳаи Туркободи ноҳияи Кофарниҳон (ҳоло Ваҳдат) ба дунё омадааст. Ӯ соли 1970 мактаби миёнаи №9-и ноҳияро бо баҳои аъло хатм кардааст. Илми фиқҳро дар назди Домулло Мирзо Тоҳири Ромитӣ меомӯзад. Баъд аз он, барои омӯхтани илми тафсиру ҳадис, таъриху адаб, сарфу наҳв, усулу мантиқ ва мерос ба назди Ҳоҷидомулло Муҳаммадҷони Ҳиндустонӣ рафт ва муддати беш аз даҳ сол заҳмати шогирдӣ кашид.

Соли 1976 оиладор шуда, ҳоло соҳиби 12 фарзанд аст. Аз соли 1992 то соли 1998 дар Қазоқистон муҳоҷир буданд. Эшони Нуриддинҷон рисолае дар ҷавози мавлуди Паёмбар (с) ба унвони «Оё ҷашн гирифтани мавлуди Паёмбар (с) ҷоиз аст?» (соли 2000) ва рисолае дар масоили ушри замин ба унвони «Адиллатул куср фи вуҷубил ушр» (соли 2003) таълиф кардааст.

Ӯ тайи се соли охир мавъиза ироа намекунад ва аз имомхатибии масҷиди “Муҳаммадия” низ барканор шудааст. Дар гузашта ин рӯҳонии шинохта қабл аз ҳар намози ҷумъа амри маъруф мекард ва диски сӯҳбатҳои ӯ аз ҷумлаи серхаридортаринҳо буд.

Фаъолияти масҷиди «Муҳаммадия» дар пайи нашри баёнияи Шӯрои уламо ва ташриф овардани раиси ин Шӯро бо ҳамроҳии намояндагони Кумитаи дин ва масъулони ҳукумати ноҳияи Ваҳдат ба ин масҷид маҳдуд шуд. Шӯрои уламо рӯзи 6-уми декабри соли гузашта дар баёнияе, ки онро хабаргузории давлатии «Ховар» ба нашр расонд, аз баргузории маросими азодории «Ошӯро» дар масҷиди «Муҳаммадия» ва нақши Тӯраҷонзодаҳо дар ин иқдом шадидан интиқод кард ва ин хонадонро ба «тағйири мазҳаб» муттаҳам намуд.

Мақомот гуфта буданд, ки танҳо дар сурати рафъи камбудиҳо, барои фаъолияти ин масҷид иҷозат дода мешавад. Дар ин миён Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ваҳдат бо қабули як муроҷиатнома ба ҳукумати Тоҷикистон гуфта буд, ба эҳёи намози ҷумъа дар масҷиди «Муҳаммадия» зарурате боқӣ намондааст.
Мӯҳр
Муриду Мухлис
Худованди мехрубон Бобои Эшони Нуриддинчону Акбарчону Махмудчона бо тамоми бародарону фарзандону ахлу байташон нигах дорад, зеро ягона воиъзоне хастанд,ки хеч вакт хомуш намешинанд баъд аз масчидашонро бастан хамеша аз тарики интернет суханони Худованди мехрубонро ба мардум мерасонанд.Худованди мехрубон дар амонаш нигах дорад шуморо Турачонзодахо!!!

бобои эшон бар ин буздилон ахмият мадех инхо чохиланд. Худованд шуморо сабри чамил атто намояд

ЭЙ КАСОНЕ, КИ БОБОИ ЭШОНРО ХАР ТУХМАТ МЕНАВИСЕД!

Ба хар як харфхои задаатон чавоб медихед, барои хамин хакикатро нависед, гарчи бар зарари худатон хам бошад. Шахсе ки боборо бадбини мекунад у дар симои бобо Исломро бад мебинад, чунки шахси окилу солим суханони боборо кабул мекунад, чунки бобои эшон суханони Холики Якторо мегуяд, ки ба бисёриятон намефорад.
Ин кадар ки муллохоро бад мебинеду конунхои эшонро намепазиред, Пас мурдохотона баред бо суруди диёри арчиманди моо.. гуфта чаноза куне.

Ба ХАНОН Бародар охир чикадар олимони Масеху Яхуд Илмеки кашф карданд аз Курон дуздидан... Чимешуд ки мохам дар Мактабу Донишгох аз ин Курон истифода мекардем лекин хатто хаёи миллиямонро хифз карда наметонем

бобои эшон хамаи точикистон фахмид ки шумо шиа хастед бехуда кушиш накунед шуморо эрон истифода кардаистодааст

гумманист
мардум бояд гами миллаташонро бихуранд аввал миллат бад дин ин муллохо мардумро гумрох карда истодаанд дину мазхабу имон ба худи шахс вобаста аст чи фарк дорад у шомили кадом дин бошад мусаллмон христян ё буддо хамон як максад аст парастиши як Худованд ба хар восита мардум фирефтаи гапхои дуруги муллохо нашавед, зеро Муллои Рум мегуяд ки СОКИНИ БУТХОНА БОШУ МАРДУМОЗОРИ МАКУН Ё ХАДИСИ ДУЗАХУ БИХИШТ РАХО КУН ПАРАСТИШИ ХОС АЗ БАХРИ ХУДО КУН ин хамаш дуруг ки онхо худро хомиёни дин медонанд чун МАН КИ ИМРУЗАМ БИХИШТИ НАКД ХОСИЛ МЕШАВАД ВАЪДАИ ФАРДОИ ЗОХИДРО ЧАРО БОВАР КУНАМ!! Ё КИ ВОИЗОН В-ИН ҶИЛВА ДАР БОЛОИ МИНБАР МЕКУНАНД ЧУН БА ХИЛВАТ МЕРАВАНД ХУД КОРИ ДИГАР МЕКУНАНД! ХИЧ БОВАР НАКУНЕД ГАПхои дуругини онхоро онхо байни мардум хилоф мегузоранд бояд аввал бояд миллат зинда бошад чун шуморо миллататон дар чахон муаррифи мекунад на дин. риояи расму оини дини ба худи шахс вобаста аст намоз гузори барои пок кардани рух аст на ин ки бо микрафон доду вой кардан хар як шахс чавоби худашро медихад!!!

Кулоби,
baraoda tu khudut az ruze ki ba dunyo omadai chi khizmat baroi din kardai ki alon dori Eshoni Nuriddinjoro hakir meshumori hatman shumo islomro namekhohen khohishan avval baroi in din in millat ya kori anjom deh bad harf zan bo ehtirom ..........

salomu alaykum ba tamomi mardumi musalmon.boboi eshon man yg shakhsi begaraz hastam lekin bo raftoru guftori shumo tamoman rozi nestem shumo khudaton agar dilu niyti pok doshta boshed pas charo mardumu milati kudro bo sadoi dagalonaat gaybati davlatu milati khudro mekuni magar gaybat kardan gunoh nest hej bandai mumin dushmani khudo nest iiii nameshavad vazifai tu pandu nasiahat guftan hast nainki bo digaron garaz zadan...

Хамватанони гироми як маротиба амри маъруфи олимони хакики ба монанди МУХАММАД айяз Ниёзи, АХМАД ДИДАТ ва гайрахоро гуш кунеду бо амри маъруфи тахдидонаи Эшони Нуриддин мукоиса кунед. Шумо Эшон нагзтараш "архамар рохимини" АЛЛОХ-ро, нозанини ва хушрухии АЛЛОХ-ро
ба мардум фахмонед. Дин дар Точикистон ба дарачаи даркорияш иншааллох пеш рафта истодааст. Масчидхо пуру рафтуои мардум озодона.
Ман шахсан саводи динии то ба кадреро аз хондани китобхои динии аз нуктахои фуруши китоб ва аз амри маъруфи дар интернети олимони дар боло зикргардида омухтаам. Аллох нигахбони ТОЧИКОН

беном
эй бародарон азиз агар шумо чои эшонда мешуде хар гап бемано гуфтан мегирифте сад офарин эшонда \ эшон хакаст худо нигахбонбоша эшона

эшон сад фоиз гапи хака мезана якхеш худша мусулмон мегира калимаи шаходата намедона бо эшона бадмекуна.эшони нуриддинро худо нигахбон боша........

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)