Абдуллоҳи Муҳаққиқ: Ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон пешвои занони исломӣ дар Тоҷикистон эълон шавад
Абдуллоҳи Муҳаққиқ, коршиноси масосили динӣ дар Тоҷикистон пешниҳод кардааст, бонуи аввали кишвар пешвои занони исломӣ дар Тоҷикистон эълон гардад.
Ҷаноби Муҳаққиқ дар матлабе, ки хабаргузории “Ховар” нашр кардааст, мегӯяд, ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон нахустин зани мусалмони тоҷик аст, ки дар дохили Каъбатуллоҳ намоз гузорида ва аз баракати ин макони муқаддаси исломӣ мушарраф гаштанд. Ӯ навишта, “сазовор аст, ки апаи Азизмо — ҳамсари Президент Эмомалӣ Раҳмонро пешвои занони исломӣ дар Тоҷикистон эълон ва эҳтиром намоем, ба хотире, ки ӯ нахустин зани мусалмони тоҷик аст, ки аз Осиёи Миёна дар дохили ҳуҷраи Каъбатуллоҳ намоз гузоридааст! Хушо ба ҳолу ба ҷони ӯ ва хушо ба миллати тоҷик, ки апаи Азизмо парвардаи хоку оби Тоҷикистон аст!”
Ин пешниҳоди оқои Муҳаққиқ дар ҳолест, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон расман Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат унвон гирифт. Ин унвон ба ӯ иҷоза медиҳад, баъди анҷоми ваколати президентиаш дар соли 2020 бонуфузтарин мақоми кишвар бимонад.
Абдуллоҳи Муҳаққиқ як бахше аз матлаби ҳаҷман бузурги худро ба бонуи аввали кишвар бахшидааст. Ӯ ҳаҷ кардани хонум Азизморо рӯйдоди таърихӣ барои занону бонувони тоҷик, падидаи тоза, дарси ибрат, муждаи саъодат номида, гуфтааст, модарон ва хоҳарони мусалмони Тоҷикистони азиз бояд ҳуввияти миллӣ, бедории динӣ, худшиносии худро фаромӯш насозанд ва иффату назофати имонии худро ҳифз намоянд: “Чӣ зебогист ва чӣ давлати сармадист, ки ҳамсари оқила ва духтарони Президент Эмомалӣ Раҳмон, ки дар давлати дунявӣ зиндагӣ ва ҳаёт ба сар мебаранд, мушарраф ба номи ҳоҷӣ гаштанд. Нақши зани исломӣ чун офтоби ҷаҳоннамо қалбҳои имониро равшан ва муаттар сохт. Кош, дигар бонувони тоҷик метавонистанд ба зиёрати Каъба ва равзаи мубораки Расулуллоҳ (с) мушараф мегаштанд”.
Абдуллоҳи Муҳаққиқ дар идома меафзояд, “ба андешаи банда, апаи Азизмо ҳамчун ҳоҷии ҳарамайни шарифайн ифтихор ва шарафи зани тоҷик аст! Аз рафтор ва кирдори апаи Азизмо бояд дигар бонувон ибрат бигиранд. Муддаъиёне, ки аҳли байти Президентро такфир мекунанд, дигар далоил ва санади шаръӣ дар ихтиёри худ надоранд, ки афкор ва ақидаи ифротии худро машруъият бахшанд!”
Ин коршиноси масоили диннӣ гуфта, ки тасмим дорад дар мавриди ҳамсари раисиҷумҳур, ки чун нахустин зани ҳоҷии мусалмони тоҷик, бо фарзандони хеш ба зиёрати дохили Каъба ва оромҳои Паёмбари ислом (с) мушараф гаштааст, китоб бинависад. “Ҳаргиз зани мусалмон мутаассиб, ҷоҳил, гумроҳ нест, балки он олиҳаи ҳусн, муҳаббат, тароват, афзали одамият, беҳтарин мураббӣ, сарпараст ва чароғи рӯзгори башарият аст! Аз фазли Худо умед дорам, ки афкори кӯтоҳандешонеро, ки мехоҳанд аҳком ва аркони исломро, ки нисбат ба зан ва эҳтирому иззати модари мусалмон бахшида шудааст, бо мизони фикрӣ ва меъёрҳои ғарбӣ бисанҷанд, хунсо намоям",-навиштааст Муҳаққиқ.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар 4 январи соли равон, дар рӯзи охири дидори расмиаш аз Арабистони Саудӣ бо ҳайати Тоҷикистон, бо шумули ҳамсар, ду духтар ва домодаш Ҳаҷҷи умра анҷом дод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |