Бахшҳо

(ВИДЕО) Назари сокинон дар мавриди амри Хадамоти алоқа: Ин беинсофӣ аст!

Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ахиран муштариёнашонро огоҳ кардаанд, ки шурӯъ аз якуми июл ҳармоҳа аз ҳар симкорти фаъол 80 дирам ситонда мешавад.

Дар иттилоияи ширкатҳои мобилии ТСЕЛЛ, Вавилон ва Мегафон гуфта мешавад, “дар асоси фармоиши Хадамоти алоқа ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз якуми июли соли равон пардохти муштарипулии ҳармоҳа барои истифодаи рақам 80 дирам ситонда мешавад”.

Аз ширкати ТСЕЛЛ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки ин маблағ танҳо аз рақамҳои фаъол гирифта мешавад.

Дар робита хабарнигори “Озодагон” назари сокинону меҳмонони Душанберо дар ин масъала пурсид. Дар баробари бештари нафароне, ки ин иқдомро ба нафъи мардум намедонистанд, чанд нафар аз он ҳимоят кард. Яке аз пурсидашудаҳо гуфт, “дар як моҳ 80 дирам чандон пуле нест. Як сомона дар як гадо ҳам медиҳӣ”. Нафари дигаре ҳам таъкид кард, “дар як моҳ 80 дирам пули зиёде нест”.

Аммо тавре ишора рафт, назари бештари пурсидашудаҳо дар ин маврид мусбат набуд. Як ҳамсуҳбати мо гуфт, “сатҳи зиндагии мардум мушкил аст ва ин иқдом ба онҳо душворӣ пеш меорад”. Шахси солманде таъкид кард, ҳақмузд дар Тоҷикистон ду ҳазор доллар нест, ки ба ширкатҳо пули иловагӣ пардохт шавад. Нафаре гуфт, ин кор мантиқ надорад: “Дигар намедонанд, ки бо кадом роҳ мардумро ғорат кунанд”.

Яке аз пурсидашудаҳо мегӯяд: “Ин як бинсофӣ аст. Дар як моҳ чанд сомоние, ки истифода кардем, ҳамонро бигиранд”.

ШУМО НИЗ НАЗАРИ ХУДРО БИНАВИСЕД


Мӯҳр
Эй бег зухур, ман хар мох хаштод не якуним сомон метиям шахсан ба худат, илтимос фейсбука кушо, о вай моли шабака аз бобот намондаст ки кай хохи мебанди кай хохи мекушои.

8млн. муштари х 80дирам - 6 400 000сомони ё 1млн доллар дар 1мох.
Барои мардуми бенаво 80дирам пул нест.
Ахсан, канд занед.

Кенча
Дар Арманистон нархи кувваи баркро 17% боло бурданд бинед чи шуда истодааст?

Дар баробари бештари нафароне, ки ин иқдомро ба нафъи мардум намедонистанд, чанд нафар аз он ҳимоят кард. Яке аз пурсидашудаҳо гуфт, “дар як моҳ 80 дирам чандон пуле нест. Як сомона дар як гадо ҳам медиҳӣ”. Нафари дигаре ҳам таъкид кард, “дар як моҳ 80 дирам пули зиёде нест”. .....

Гап дар сари он аст, ки ҳамин як сомона ба гадо диҳӣ беҳтар аст, нон харад бехтар аст. Тасавур кунед, ки агар 1 млн симкартаи фаъол бошад, хар мох ба кисаи Раиси алоқа чи кадар пул медарояд.... Ин мансабдорон намедонанд, ки бо кадом рох халқи бечораро ғорат кунанд.
Шамсия,

Адолат Комилова
Албатта хамаи шахрвандон аз бе мантик будани ин амал огоханд ва медонанд,ки эроду эътироз бе фоида аст.

И ширкатхои мобили андозхояшонро дар сари мизочонашон мепартоян аксизи 5% партофт аз тарафи муштариён ягон даъво нашуд инашам мепартоян лекин инсофам даркорай ку и корупсия чора назорат мекуна ина машеники номерой як то кай мардум митинг бардоран ози якхел камбагал факат гудок мета ба хешу табораш фикри онхора кунен аз Чаноби Оли хохонем инрохам назорат кунед ки бегарз аз Шумо дигар макомот кор намекунад

Оянда чи мешавад? аз 80 дирам сар мекунему дар 2 сол ба 5 сомони бурда мерасонем!!!!! Шармандаги барои ширкатхое,ки пули бе дарди миен меёбанд. Шояд дахолати Чаноби оли Сати рохи ин бетартибиро гирад!!

007
Дуруст, ки 1 сомона ба як гадохам медихем, агар шумохам дар сари рох нишинед 1 не 2 сомон медихем, гап дар ин нест, хадамоти алока ба ширкатхо чи дахл дорад, ки хар мох 80д, мегирад ё андози давлатро аз хисоби муштариёни дигар ширкатхо (компания) меситонад, айб айб аст.

Салмон
Дар Точ,икистон зиеда се миллион муштари аст : 3 млн × 0.80 = 2 400 000 × 12 мох, = 28 800 000 сомони ÷ 6.54 ( $ ) = 4,4 млн. доллар. Яъне дар як сол к,ариб 5 млн. доллар аз кисаи ману шумо , ки халк, х,астем моро к,онунан горат мекунанд. Ин он маъноро дорад , ки бо " ручка " ин хел пул кор мекунанд...

гап дар борай он 80 тод дирам неву неким сабабаш дарчист ин медонедки ҳармоҳаш чиқадар пул мешава и ҳамаш бар ҳамон ширката фойдаш мерава иқа медуздан ай номерой мардум баснестайки бо рушод талаб доранд ман фигрмекунамки ин кори хуб нест

баходур
Ин икдом дар хакикат горати мардум мебошад

Хадамоти алока кор надора ки доим нархора мебардора ба рассия 1 сент буд 4сент ино гами мардума хамихел мехран .

и давлати мо ранги Алибобо ва 40 рохзан шидай и мох 80 дирам гирфт ягон кас арзу шикоят ки накард як ду мох паси дигар бо дигар хел истисмор мекунан

Сухан дар бораи 80 дирам намеравад, дар хакикат агар хаммаи сим кортхои фаъолро чаъм кунем чандин миллион сомони мешавад ба фоидаи онхо. Нархи алока дар Точикистон хеле баланд аст нисбат ба музди миёнаи мехнат. Агар Хадамоти Алока каме инсоф мекардан, як чанд фоиз аз маблаги чаъм мешудаги ба фоидаи бепарасторон, ятимон, оилаи камбизоат кумак мекардан бисёр оли чаноб мешуд, хам мардум рози мешуданд ва хам як бечора хурсанд мешуд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)