Бахшҳо
05 авг 2014 16:28Тоҷикистон / Сиёсат

Академики узбак хостааст, Тошканд "Роғун"-ро бомбаборон кунад

Рустам Абдуллоев, доктори улуми иқтисодӣ ва академики узбак аз ҳукумати кишвараш даъват кардааст, бо истифода аз нерӯи низомии худ монеи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар Тоҷикистон шавад.

Абдуллоев дар матлаби худ, ки дар торнамои Сентразия.ру нашр шудааст, мегӯяд, “ҳукумати Узбакистон бояд ба Тоҷикистон шарт ё “ултиматум” гузорад, ки ё аз сохтмони “Роғун” даст мекашед ё “мо даст ба иқдоми ҷиддӣ мезанем!”

Ин академики узбак гуфтааст, дар сурати беҷавоб мондани ин ултиматум, Тошканд бояд тамоми нерӯҳои низомии ҳавоии худро ба Роғун сафарбар карда, садди онро ҳадафи бомбаҳои замонавӣ қарор диҳад. Инчунин, ҳамлаи пешгирикунандеро алайҳи артиши Тоҷикистон тавассути вилояти Сурхандарёи Узбакистон ба самти Турсунзода-Ҳисор-Душанбе анҷом диҳад.

Ба гуфтаи Абдуллоев, Узбакистон бар ин аст, дар раванди интихоби ҳайати коршиносон ва мутахассисон барои гузарондани ташхиси Роғун, ки аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ дар давоми чаҳор соли охир анҷом дода шудааст, аксари меъёрҳои байналмилалӣ нақз шудаанд: “Барои чӣ ба хотири анҷоми ин ташхис коршиносон аз Узбакистон ҷалб нашуданд, дар ҳоле ки ҳама медонанд, ин кишвар дорои мутахассисон ва донишмандону академикҳои варзида мебошаду зилзилашиносони узбак бо таҷрибаву маҳорати худ дар ҷаҳон шуҳрати зиёд пайдо кардаанд. Барои чӣ дар рафти гузаронидани ин ташхис чеҳраҳои маъруфи амрикоӣ аз қабили Маркус Парвиҷ ва Фредерик Старр даъват нашуданд?”

Академики узбак дар идома далели аслии мухолифати кишвараш бо сохтмони Роғун, аз ҷумла баланд бардоштани садди обанбори онро то ба 300 метр шарҳ дода, гуфтааст, дар оянда Тоҷикистон метавонад, аз он ҳамчун фишанг барои ба зону шинондани ҳамсояҳояш истифода кунад: “Агар Шумо, рафиқ Каримов ба гуфтаҳои мо гӯш надиҳеду хостаҳои моро иҷро накунед, як қатра об ҳам намегиред ва мо барқро ба касе хоҳем мефрӯшем. Яъне ин маънои онро дорад, ки баҳри Арал воқеан хушк мешаваду дар ҷумҳурии автономии Қароқалпоқистон хушксолии маргбор меояд. Оё ба ин коршиносон боре савол шудааст, ки агар дар минтақаи наздик ба садди Роғун аз 9 то 10 ё 11 бал заминҷунбӣ шавад, чӣ ҳодисае рух хоҳад дод.”

Рустам Абдуллоев сухани Амир Темур “барои тило не, барои об мубориза баред!”-ро иқтибос оварда, таъкид кардааст, озодии узбакро об таъмин мекунад, агар об нест, озодӣ ҳам барои узбакон нахоҳад буд: “Таҷриба нишон додааст, ҳоло дигар ҳукумати Тоҷикистон, ки ташнаи қудрат аст, бо ҳар роҳе набошад, сохтмони нерӯгоҳи Роғунро анҷом медиҳаду ба эҳтимоли зиёд дар ин бора ҳатто аз хориҷ низ кумак дарёфт хоҳад кард. Дар як мижа задан мебинем, чӣ тавр паси садди баландиаш 335 метр об захира мешавад. Аз ин рӯ, набояд вақтро беҳуда гузаронем.”

Академики узбак ба Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон тавсия додааст, ки дар ин гуна ҳолатҳо аз таҷрибаи Валадимир Путин, ҳамтои русаш кор гирад: “Аз ҷасорати бемисли Владимир Путин ибрат гирифтан даркор, ки дар лаҳзаи ҳассос тарс аз чораҳои хусусияти ҳарбӣ дошта, накард: Ҷасорат ҳамеша дар таърих сафед мешавад!”
Мӯҳр
fli
узбак иштибо мекуни.боз нашава ки ба халосгар зор шави

Ман фикр мекардам, ки Исолом Карим девона аст, ки ин Рустам академикаш аз вай аблахтар будаст. О наход ки то ин дарача тангназару фашист бошед шумо а. Дар ин рузхои вазнин, ки дунё дар даргири аст шуморо чию чанг эълон карданатон чи. муред аз ун рузатон шумовори хамсояхо. Саткаи номи академики шави. Мард бошеду хучум кунед то нафаси охири то катрахои охирин бо нохунхоямон решаи шумо барин академикора хушк мекунем ин чо миллати узбек айб надорад.

То замоне, ки псевдо-академик Абдуллоев дар Узбакистон бошад ва академик Масов дар Тоҷикистон, ҳаргиз ин ду кишвар бо ҳам дуст намешаванд, зеро ин ду академик ҷосуси Масква ҳастанд ва планҳои шайтонии зиёде дар нақша доранд.....

Hehehehe afsonata ba kudakoi duxtarat gap zan...... In shaa Allah hamai jahon bo moyand az shumo hama bezorand ..... Mesozem!Mesozem! Mesozem......!!! Pul dar kor shud boz jam mekunem ! Jon dar kor shud jon medihem...

БА ДИККАТИ АКАДЕМИКИ САМОЗВАНЕЦИ УЗБАК- РУСТАМ (харчанд ин номи точикист): АГАР ЧУРЪАТ ДАР НАЗДИ ТАЪРИХ САФЕД ШАВАД, МО САМАРКАНДУ БУХОРОРО БО КАЛТАК МЕГИРЕМ! буласан мы!

ШЕРИ НАРИ ВАХЕ
МО ЯКГУРУХ ЧАВОН ОМОДАЕМ,КИ ИНШОАЛЛОХ БА ЗУРРИ ХУДОВАНД ДАР МУДДАТИ 2,5 СОАТ БУХОРО ВА САМАРКАНДРО БА ТОЧИКИСТОН БАРГАРДОНЕМ!!!!!

67 Амир Т
А бача и девонаай чиай ё ачалаш омадай охир Акаи Ислом аз Чиликулай кира мефор ватанша бомбаборон кунад.

нисочон
аз замонхои кадим, бо зури яроку найрангу горат сарзамини точиконро сохиб гардидед, имруз як гушаи замини ачдодиамонро намегузоред, ки ба таъби дил истифода барем, шумо кабилаи кучманчи инро донед, ки Точикистон мустамлика нест, Точикистон кишвари сохибистиклол буда аз марзу буми худ дифо карда метавонад. имруз он хилаю найранги авлодони хунхоратон дар мо таъсир намекуна, мо хам чавоби сазовор гуфта метавонем.

Андичони
Ашна точик аб хурдм,
як пиала гардов хурдм.
аз пушти Рогунатон,
чигаро хун, ки мурдм.
(Мурда, иллохиам ав нахурда мури).

cалом Мардуми Точикистон ма хамаи шуморо дуст медорум

Точик
Кани як чунин икдом кунад баъд мебинад, ки точик кист!!!
Ба ивази Рогун Самарканду Бухорора мегирем!!!!

аз он ки Изроил Газзаро бомбаборон мекунад ин академик ба гумонаш рохи халро ёфтааст. Агар чунин академикхо аз тарафи давлати мо зери фишор гирфта персонаи нонград эълон нашаванд- боз ягон академики сархурда даъвои чанг бо мо мекнад.Худоё ба ин академикхо акли солим дихад!!

ман чунин гуфтаниям ба чунин академик чун суханхо нисбати чумхурии хасоя айб аст.Точикистон ба кувваи барк ниёз дорад. Мо бовари дорем бо дастгирии Президенти ватандустамон Рогунро месозем.

Ватандорон ватандори набояд дар забон бошад
Ватан бахри хама на кам аз накди чон бошад
Ватан бошад кафи хоке ки хуни нофи мо дорад
Ваиан огоз аз бахри хамма аз остон бошад
Ватан моро агар аз чор суяш сархаде дорад
Кави дар чашми хасми хештан бо посбон бошад
дустони азиз дуст доштани ватан ин факат ба сухангуи нест ватанро мехри уро дар калб бояд парварид кучо хастан он академикхо калам ба дасти мо ки бар ин мард ччавоби сазовор гуянд кучо хастед кучо бигуедаш кушиш накунед мо хостори чанг нестем ва мо точикон харгиз аз пеши худ ба синаи касе теги хашм нахалондаем ва то он даме ки косаи сабрамон лабрез нашавад намехалонем чун мо точик хастем точик мефахмед маънои точикро ТОЧИКва сарзамине дорем бихиштосо ки номаш ТОЧИКИСТОН аст ва агар лозим ояд кудаке ки нав рохгардиро омухтааст бар зиди душмане ки бо мо хашм дорад ярок ба даст гирифта мехезад чун ки ин марзи мукадасро дустт медоранд дкст мефахми am абдуллоев мо рогунро бо сари баланд месозем чаро ки хаммаи мардуми шарифи Ватан онро хуш доран шахсан мухобо нашавад банда дар ду додари маюб ва модари беморе дорам дар соле ки сахмия мардум мегирифт маро падар аз дунё гузашт хатто дар зиндаги пуле надоштам ки тули ин хаётт дар ба дари мардум ичора мешинам вале ин сабаб нест чун хар кучое порчае кафи хоки ватанам аст ончо хонаи ман аст ва жар он сол худро дар канор гирифта натавонистам аз хамсояя 1000 сомон карз гирифта барои ободиии ин сарзаминам барои ободиии чонватанчонам сахм гузоштам абдуллоев метавони ки дигар суханонатро баргардонида нири пун суханонатро агар ба нази кудаки гавхорагиее хонем аз ханда ба пушт меоя чун мантике нест дар суханат ИНШОАЛЛОХ бо розигиии ХАК мо рогунро месозем месозем месозем месозем месозеи хаминтавр не хамватанони ба чон баробарам

Бобои РАХИМБЕК
Ба хамаи коргарони Хифзи Хукук Хушдор Сохта мегуям ки ин Академики Узбак ба Президенти Чумхурии Узбекистон Тавсия додааст ки аз В В Путин ибрат гирад Яьне аз 3 тараф хучум мекунем Регаро Мегирем

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)