Видеои Эшони Нуриддин: “Паём"-и маро ба президент расонед
Эшони Нуриддин , руҳонии маъруф ва яке аз бародарон Тӯраҷонзодаҳо, аз ҷорӣ шудани бархе маҳдудиятҳои динӣ дар кишвар ҳангоми як суханронии ахираш шадидан ибрози нигаронӣ карда, мегӯяд, дар робита паёми ӯро ба раисиҷумҳури кишвар расонанд. Ин руҳонии тоҷик мегӯяд, агар як тӯй ё рақсу бозӣ бошад, истифодаи балангӯяк ё микрофон иҷозат аст, вале барои як руҳонӣ иҷоза намебошад. “Имрӯз душманони Ислом бисёр талош доранд, Шумо ва фарзандҳоятонро аз Ислому Қуръон ва пайғамбаратон ҷудо созанд” ,-мегӯяд ӯ дар баромадаш. Ӯ таъкид кардааст, сабаби зиёд шудани бадахлоқӣ ва бемориҳои руҳӣ дур кардани мардум аз фаризаву русуми динияшон мебошад: “Азон аз хонаҳои мусулмонон дур шуд. Азон аз гӯши тифлҳои навзод дур шудааст, ҳоло аввалин сухане, ки онҳо баъди ба дунё омадан, мешунаванд, ин дашном аст, аз сӯи ҳамшираҳо.” VIDEO
Эшони Нуриддин бо зикри манъ шудани азон тариқи балангӯякҳо дар масоҷид дар хитоб ба ҷорикунандаҳои ин иқдом, мегӯяд: “Ин манъкунандаҳо фардо дар пеши соҳиби азон чӣ мегуфта бошанд?! Дар пеши як ҳокиме, ки мисли худашон як инсон аст, барои ҷавоб додан, лабашон кушода намешавад, дар пеши Офаридагори замину осмон чӣ мегуфта бошанд?!” Дар ин авохир ин яке аз наворҳои баҳсбарангези Эшони Нуриддин аст, ки дарҳол ба интернет роҳ ёфта, миёни корбарон низ мавриди баҳс қарор гирифтааст. Баъд аз онки масҷиди “Муҳаммадия”, мутааллиқ ба хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо мақоми ҷомеи худро аз даст доду амри маъруф ва сабти он камтар шуд, наворҳои Эшони Нуриддин хеле кампайдо буданд. Эшони Нуриддин 20 марти 1953 дар деҳаи Туркободи ноҳияи Кофарниҳон (ҳоло Ваҳдат) ба дунё омадааст. Ӯ соли 1970 мактаби миёнаи №9-и ноҳияро бо баҳои аъло хатм кардааст. Илми фиқҳро дар назди Домулло Мирзо Тоҳири Ромитӣ меомӯзад. Баъд аз он, барои омӯхтани илми тафсиру ҳадис, таъриху адаб, сарфу наҳв, усулу мантиқ ва мерос ба назди Ҳоҷидомулло Муҳаммадҷони Ҳиндустонӣ рафт ва муддати беш аз даҳ сол заҳмати шогирдӣ кашид. Соли 1976 оиладор шуда, ҳоло соҳиби 12 фарзанд аст. Аз соли 1992 то соли 1998 дар Қазоқистон муҳоҷир буданд. Эшони Нуриддинҷон рисолае дар ҷавози мавлуди Паёмбар (с) ба унвони «Оё ҷашн гирифтани мавлуди Паёмбар (с) ҷоиз аст?» (соли 2000) ва рисолае дар масоили ушри замин ба унвони «Адиллатул куср фи вуҷубил ушр» (соли 2003) таълиф кардааст. Ӯ тайи се соли охир мавъиза ироа намекунад ва аз имомхатибии масҷиди “Муҳаммадия” низ барканор шудааст. Дар гузашта ин рӯҳонии шинохта қабл аз ҳар намози ҷумъа амри маъруф мекард ва диски сӯҳбатҳои ӯ аз ҷумлаи серхаридортаринҳо буд. Фаъолияти масҷиди «Муҳаммадия» дар пайи нашри баёнияи Шӯрои уламо ва ташриф овардани раиси ин Шӯро бо ҳамроҳии намояндагони Кумитаи дин ва масъулони ҳукумати ноҳияи Ваҳдат ба ин масҷид маҳдуд шуд. Шӯрои уламо рӯзи 6-уми декабри соли гузашта дар баёнияе, ки онро хабаргузории давлатии «Ховар» ба нашр расонд, аз баргузории маросими азодории «Ошӯро» дар масҷиди «Муҳаммадия» ва нақши Тӯраҷонзодаҳо дар ин иқдом шадидан интиқод кард ва ин хонадонро ба «тағйири мазҳаб» муттаҳам намуд. Мақомот гуфта буданд, ки танҳо дар сурати рафъи камбудиҳо, барои фаъолияти ин масҷид иҷозат дода мешавад. Дар ин миён Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ваҳдат бо қабули як муроҷиатнома ба ҳукумати Тоҷикистон гуфта буд, ба эҳёи намози ҷумъа дар масҷиди «Муҳаммадия» зарурате боқӣ намондааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 »Душ Сеш Чор Пан Ҷум Шан Якш 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30