Бахшҳо

Посухи Тӯраҷонзода ба “Ҷаҳони андеша”-и Комил Бекзодаву ёронаш

Эшони Маҳмудҷон Тӯраҷонзода, руҳонии маъруфи тоҷик, бо нашри матлабе ба муаллифони китоби “Ҷаҳони андеша” посух дода, бовар надоштани эшон ба мавҷудияти Худовандро ноқисулақлию камдонишӣ хондааст.

Ин руҳонии тоҷик бо иқтибос аз тарҷумаи ҳоли бархе аз олимон гуфтааст, “боварӣ ба Худо маънои ҷоҳилу хаёлпарастӣ ва хурофотӣ буданро надорад. Агар чунин бошад, пас, чӣ гуна Шумо дастовардҳои илмии уламои гузаштаи таърих, аз ҷумла Нютону Дарвин, Эйнштейну Сино, Ҳайсамию Фирдавсиро мепазиред?”

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло садҳо далелу омилҳое ҳастанд, ки вуҷуди Худовандро исбот мекунанду дигар набояд дар ин бора шакку шубҳа кард ё дунболи ҳуҷҷат гашт: “Ба қавли Мавлонои Рум ва Мирзо Абдулқодири Бедил дигар имрӯз барои исботи ҳастии Худо далелу бурҳон ҷустан ва ё дархост намудан нанг ва аблаҳӣ аст. Ҳамонгуна, ки дар рӯзи равшан бо чароғ ҷустани офтоб ҳамоқату нодонист.”

Эшони Маҳмудҷон дар идома афзудааст, тавре муаллифони “Ҷаҳони андеша” ақида доранд, “ҳар киро ва ё ҳар миллатеро илму донишаш бештар, куфру инкораш нисбати вуҷуди Худо бештар...” пас, бояд аксари донишмандон дар тӯли таърих ва сониян мардуми Аврупову Амрико, ки пешрафтатарини миллатҳо дар илму дониш ҳастанд, нисбат ба ҳастии Худо мункиртару кофиртар мебуданд. “Вақте 90% мардуми кураи замин, ба хусус аксари нобиғаҳо ва донишмандон дар тӯли таърих то имрӯз, бо Шумо – ай мункирони Худо – ҳамфикру ҳамақида нестанд, пас, беҳтар аст, Шумо нахуст ба ақли худ, ва сипас ба илму дониши шахшудаи худ таҷдиди назар намоед, то агар қобили муолиҷа ва ислоҳ бошад, пас дар пайи дармон ва ислоҳи он шавед! Ва агар ислоҳнопазир бошад, пас айбу нуқсон аз ҷониби шумо ва ақли ноқиси шумост, на хуршеди оламоро...”,- навиштааст ӯ.

Дар охир Эшони Маҳмудҷон изҳор доштааст, "монанди достони Фиръавни Миср ва фиръавниёни асри 20, ҳар кадом аз мо ва Шумо хонандагони азиз дар таърихчаи зиндагии хеш саргузашти бисёр касонеро медонем, ки дар айёми ҷавонӣ ва мансабдорию сарватмандӣ, ончунон масту мағрури дунё ва молу мансаби дунё буданд, ки Худову ибодаташ ба гушаи хаёлу хотири эшон намегузашт. Ва баъзе аз онҳо, аз ҷумла баъзе мансабдорони комунист ва комунистмаоб на танҳо мункири Худо, балки душмани сарсахти Ӯву дин ва мардони роҳаш буданд. Ҳатто бо Худо ва динаш эълони ҷанг карда буданд. Ҳангоме ки эшон ба рӯзгори пирӣ ва нафақаю бознишастагӣ расиданду дарҳои ҳукумат ва мансабдориро ба рӯи худ бастанд, ба сабаби заъфу нотавонӣ умедашон аз тӯли зиндагӣ ва мансабу вазифа қатъ шуд, фосилаи худро бо қабр ва дарвозаи марг чанд қадам диданд, якбора 180 дараҷа тағйири равиш доданду бо ришу тасбиҳ, Худогӯю намозхон ва масҷидрав шуданд. Сабаб ва иллати ин инқилоби азим ва таҳаввулоти бузург дар зиндагии афроди гузашта дар чист? Албатта, посухи ин суол, ҳамон имони фитрӣ ва майлу ҷозибаи руҳӣ – равонӣ аст, ки дар чунин ҳолати ноумедӣ онҳоро ба сӯи Худо мекашонад.”
Мӯҳр
АСКАР
ЭЙ КИ МЕПУРСИ ЗИ МАН ОН МОХРО МАНЗИЛ КУЧОСТ?
МАНЗИЛИ У ДАР ДИЛ АСТ АММО НАДОНАМ ДИЛ КУЧОСТ?

сино
Чун хамеша хак чониби шумост бобои эшон.Аллох нигохбонатон бошад аз шарри пайравони шаетин.

мухаммад,
Бародар холо хам хеч чизро нафахмидаи агар он кадар хакпараст боши чаро пеш аз эшон чавоби хамфикрхоятро надоди???

Ман медонистам ки Эшон ба китобнависхо посухи анику дакик метиянд Точикистонед

Шоири чавон,
Худованд нигах доратон бародари азиз!!! Нимчаолима на яку нол, балки голборон кардед!!! Ахсан бародари азиз!!!!

ХНИТ
Чавоб ба олим, Сари и маак вейрун шидас чи? Причом тут ХХДТ? Ин ХХДТ-ихо мусулмонтар аз дигаронанд...

Eshoni Turajon
shumo khum meshud megufted,ki in hama zamin, korxona va furushgohhoro az kadom mablagh ba dast ovarded. Xudovand posilka kard va yo bo maoshaton xarided.
Shumo tavoni bahsi ilmiro nadored va imoni insonho hejguna POSREDNIK baroi rasidan ba Xudoro niyoz nadorand.
Javobaton qonekunanda nest.

Бахром
Офарин! Худованд Шуморо нигахбон бошад мухтарам Эшони Махмудчон!

Тамоми ахли шурои уламо ва ахли кумитаи дини точикистона биёр 0,1% саводиЭшони Махмудчона надоранд!

Озод
"ҳоло садҳо далелу омилҳое ҳастанд, ки вуҷуди Худовандро исбот мекунанду дигар набояд дар ин бора шакку шубҳа кард ё дунболи ҳуҷҷат гашт"
Ку хамон далелу хуччат домулло? Дуруг мегуеду ягон шарме намекунед. На барои вучуди як Худованде хучат аст ва на барои вучуд надоштанаш. Шумо аз хамон комунистхо заррае фарк надоред.Тарафдор,

Абдуллох
[b]Озод[/b],
Озод агар хавсалаи хондан дошта боши вориди сомонаи Турачонзодахо шав маколаи эшони Махмудчонро пурра мутолиа намо https://www.turajon.org/articles/576/28440/ ва аз пеши худ тухмат ба уламо накун

[b]Озод[
фикр мекунам комунист худт хасти ин чо факат хулосаи мколаи устодро овардаанд. исботи вучуди Худо мехохи сайти турачон даро хамаш он чо бо далелхо

ОФАРИН БА ШУМО ВА БА БАРОДАРОНИ ШУМО ЭШОНИ МАХМУДЧОН. Ин намедонад.ки чи тавр мемурда бошад. Пеш аз маргаш шери шоир зебанда аз бар он. ХАР ЧИ ДОНАД ХУРДАНИ КАНДУ НАБОТ ,ОХУРИ ТАНГ БОШАДУ КУНЧИ РАБОТ. чои ту кунчи работ бояд бошад.

shahriyor,Ман ба ту чавоб медихам!!! Албатта Худованд ПОСИЛКА кардааст !!! Худованд худаш ризки уламоро через ту баринхо медихад, ки худат хит намекуни, Вале аз бухлу хасад мемири!!!!!'

shahriyor,
Ту худ илм надори боз бахс мекуни!!! Чихел ба одамон посредник лозим набудай!!! Пас пайгомбарон барои чи фиристода мешуданд???
Бе пир марав, ки дар амони,!
Гарчанд Сикандари замони.!!!

Дахри,
бародари Азиз бисер фикри галат гуфтед ва аз пеши худ гуфтед!!! Ин тавр нест!!!

Шахрванди ЧТ
Баъзе нафарон чунон мутлако харф мезананд, ки гуё худашон аз пеши Худо омадаанд ва дигаронро насихат мекунанд.Ин буд Икбол Лохури ба чомеаи хуруфотии мусулмон ишора карда буд," Чунон гуфтанд муллоён.......ки хатто худи Паёмбар ва Чабраил дар хайрат монданд. Аз ин бояд рухониён нигарон набошанд, зеро мо дар замони зухури Ислом карор надорем,яъне Ислом дар дунё пахн шуд ва рисолати худро ичро кард, аммо муллоёни мухтарам бошанд худро чунин муваззаф донистанд, ки гуё дар назди Худо коре шоиста анчом додаянд ва бад-ин минвол суханонашон буротару тезтар шудааст. Биёед объективи хулоса кунем,иддахо Шумо ин аст, ки дар чомеа хама бояд мисли Шумо фикр кунанд,мисли Шумо либос ба бар кунанд, амсол Шумо имон дошта бошанд ва амсол Шумо шухрату сарват дошта бошанд ва гайра.Аз бобати сарвату шухрат бошад худи Шумо бояд пеш аз хама ба худ коил бошад, зеро инро хама медонанд, ки файласуфи бечора бо як шими ва кулохи совети умр ба сар мебараду рухрнию мулло бошад чи гуна нахор мекунад бо калом мошинаи тамгаи хоричи харакат мекунад.Шумо гумон мекунед ин хама лутф дар хакки Шумо аз чониби парвардигор аст, ки факат дар нисбати Шумо гамхор аст ё ин ки доштани муридони дунявиатон ё пайравонатон. Барои хамаин хар як гоя бояд доира дошта бошад ва пайравони онхо бояд салохияти муаян дошта бошанд на уне, ман "МУЛЛО" хастам ва барои ман дар чодаи "селеный" хатсайр дорам.Ахли дину диёнат бояд масъалахои фикх, масъалахои илохиёот дар дин, масъалаи меросбарию меросхури ва оказо. Файласуф бошад дигар масъалахои хоси худро дорад ва ахли дин бояд ин чизро дар кунанд.Ман гумон намекунам, ки як файласуф ба масъалаи фикх даст задаги бошад ё дар ин маврид бо мулло бахс кардаги бошад. Мубохиса ва мунозира миёни ин ду гоя бояд бошад ва Шумо мухтарам тарафайн ин майдонро яксон нахохед кард, чунки аз Азал ин ду тараф мавчуд буданд ва хохад монд.Шумо мухтарм тафсиркунандагон бо суханони сатхии худ ба ин нукта наметавонед гузошт!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)