Бахшҳо

"Андохтани ангуштарини издивоҷ макруҳ аст"

Торнамои Turajon.org, веб – сайти хонаводагии бародарон Тураҷонзодаҳо андохтани ангуштарини издивоҷро фарҳанги ғайриисломӣ ва макруҳ хондааст.

Ин торнамои исломии кишвар дар посух ба суоли корбараш, навиштааст, “ба даст гирифтани ин ангуштарин макруҳ мебошад, чун он аз одатҳои мусулмонон нест.

Ба навиштаи Turajon.org, ангуштарини издивоҷ яке аз анъанаҳои мардуми Ғарб мебошад, ки зану шавҳар бо навиштани номҳои якдигар дар онҳо бар ин ақидаанд, модоме ангуштарин дар дасташон аст, аз ҳамдигар ҷудо нахоҳанд шуд. Веб-сайти хонаводагии Тураҷонзодаҳо мегӯяд, агар зан ё марди мусулмон бо ҳамин ақида ангуштаринро дар даст кунанд, пас ин амал ҳаром дониста мешавад.

“Аммо агар ин эътиқодро надошта бошанд ва инчунин қасди ташаббуҳ ба ғайримусалмонҳоро надошта бошанд пас баъзе аз олимон дар ин ҳолат ангуштарини издивоҷро ҷоиз гуфтаанд, вале аз кароҳат холӣ нест”-омадааст дар сомонаи Тураҷонзодаҳо

Turajon.org аз корбарони худ даъват кардааст, аз пайравии расму русум ва анъанаҳое, ки берун аз фарҳанги исломӣ мебошанд, худдорӣ кунанд.
Мӯҳр
Радж
Бози наку ба арбоб .мезаната ба хар боб

Бехуда захмат накашед! Турачонзодахо хакканд! Шукрона кунед ки Турачонзодахо доред! Аз Худое ки шуморо халк кард битарсед! Муллои муфтхур нависта аз Худо натарсиди? Намедони ки у дусти Аллох аст? Хайфи номи Оминаю Шариф! Номи шумохоро Лоту Маноту Узот номидан лозим! Шарм надошта пеши мулло мери барои никоху чаноза! Хайфи никоху чаноза! Барои шумо харом аст!

аввал ин ки,мавзуъ ба шахсони гайри дин таалук надорад агар хохед рафта дар калисо бо шампону ангуштари никох кунед , дуюм ин савол аз тарафи нафаре дода шуд ва баъд ин бузургон ба он савол фатворо дар асоси шариат додаанд, касе аз пеши худ фатво надодааст.
сеюм ин ки таасуб ба дини гайр дигар чиз асту, истифодаи техникаи нав дигар.

Таассуб чаро ва то кай?
Дар байни махлукоти худованд аввалин мавчуд мутаасиб ва огозгари табъиз ШАЙТОН аст ки ба хуввият, навъият ва чинсият худ фахрфуруши кард ва гуфт, ки «ман аз оташ хастам ва инсон аз хок, пас чинси ман аз чинси инсон бартар аст». Ба хамин хотир на танхо ба дастури Худованд инсонро сачда накард, балки хатто дар мукобили ХОЛИКИ якто истод ва бо гарданкашии тамом ба иртиботи гумрох сохтани Бани одам ба Худованд санг андохт. Аз ин ру инсоне ки заррае аз таассуб дар хун ва фикр вай чори аст мавчудоти ШАЙТОНсифат ва аз пайрави ИБЛИС хаст ки хилофи дастуроти Худованд амал мекунад, сарфи назар аз ин ки мусалмон ва мусалмонзода хам бошад ё Кори, муфассир хам, ё муллои гузар. Инак бо камоли таассуф чомеаи Точикистон дар карни 21 хамчунон ба хамин марази табъиз ва таассуб ба шаклхои гуногуни он гирифтор аст. Вале дардноктар ва аламовар он аст, ки тамоми бузургон ва сарони мутаассиб чунон пушти никоби Дин ва Мазхаб карор гирифтаанд ва хеч кас бидуни истисно, чуръати эрод гирифтан аз амалкарди онхоро надорад. Зеро онон бо фатво ва такфир садои эътирозкуннандагон ва хакхохонро дар нутфа хафа мекунанд. Албатта, дар ин байн худи мардум ва чомеаи имрузаи Точикистон бегунох нестанд. Зеро мо хастем ки бо тарс ва сукути худ замина барои рушд ва нуфузи таассубгарон фарохам сохта ва он гах худ низ аз сарночори ба самти онхо харакат мекунем ва лашкари харобкор ва ифротгаро (экстримист) –хоро зиёд менамоем.

ТУРАЗОДА
Озодагон, лаънат ба ту. Шархи бо азоб навиштагиамро чоп накарди. Номард. Ман туро бойкот мекунам. Муфтхур

Tohir
Хазорон корвон рафтанду дав-дав,
Ханузам ин сагон доранду ав-ав.
Эй касоне ки зиди хонаводаи Э Нуриддинчон хастед инро донед ки шумо хамон саге хастед ки ба суи мохтоб ав-ав мекунед ва ба мохтоб зиён намерасонед шумо хамон саг хастед, Эй касоне ки зиди суханхои Э Нуриддинчон мебароед шумо хамон пашшаи заифе хастед ки мехохед бо қанотхои заифу тунукатон пеши нури офтобро гиред аммо наметавонед.
Ин Эшони Нуриддинчон воизи рохи ХУДОСТ,
У барои мухлисонаш гавхари қимматбахост.
Аз хаводису каломи муътабар гуяд сухан,
Сухбати у Ахмадист бахри у таъна мазан.
Muhammadtohir Salimov v odnoklassniki 17-let

донишчу
хакатан хам 99фоизи хонандагон ва андешамандон чой доштани чохилиятро ифода мекунад. Хохишмандам то чои хондагитон гап занен. Ай Худо хам кам кам тарсен.

Мухаммад
Субхоналлох ин мардуми аз дин безори МО онкадар олим шудаанд ки нисбати Турачонзодахо харф задаистодаанд хой инсонхое ки чунин рафтор кардаистодаед магар чурьат доред ки аз пеш бо инхо ру ба ру шуда сухбат кунед шумо тарсуед худро олим мегиред аввал матлабро 10 бор хон ба тахлил кун ба камент нависед аз хулоса барориатон маьлумаст ки то кадом андоза савод доред

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)