Бахшҳо

Замоне ки модарони тоҷик таҳқир мешаванд...

Агар наметавонӣ хидмат бикунӣ, бирав то хиёнат накунӣ...
Доктор Алӣ Шариатӣ


Андешаҳои Идигул Қосимова, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 27 январи соли ҷорӣ дар мавриди занони ҳиҷобпӯш бисёр дағал, тунд ва ғайримунтазир буд. Бино бар гузориши сомонаи “Азия Плюс”, Идигул Қосимова гуфтааст: “Мо худ дидем, ки занони ҳиҷобпӯш ба даллагӣ ва сабукпоӣ машғуланд. Ман инро бо чашмони худам дидам ва нафратам омад”.

Пас аз ин қадар таҳқирро раво дидан ба занони мусалмон, дар идома боз мегӯяд: “Вақте занон арзишҳои барои фарҳанги мардуми тоҷик бегонаро мепарастанд, барои онҳо бадахлоқӣ як чизи оддӣ мешавад”. Дар раванди ҷаҳонишавӣ ин ҳарф ҳам як навъ таҳқир аст. Зеро мардум ба кишварҳои зиёд сафар мекунанд, онҷо кору зиндагӣ мекунанд ва аз рӯи хоҳиш ё меъёри либоспӯшии ҳамон ҷой либос мепушанд? Чӣ магар онҳо бадахлоқанд?

Аз нигоҳи дин посух додан ба гуфтаҳои Идигул Қосимова ба зимаи муфтии Тоҷикистон ҷаноби Саидмукаррам Абдулқодирзода ва тамоми руҳониёни тоҷик мебошад, ки мо инҷо дар ин хусус лаб фурӯ мебандем. Аммо ончӣ дар гуфтаҳои ин бону бисёр такондиҳанда ва таассуфбарангез аст, ин роҳ додан ба таҳқири оммавӣ ва нақзи қонунҳои Конститутсионӣ ва меъёрҳои фарҳангии тоҷикон аст, ки касро наметавонад бетараф бигзорад.

Оё ҳиҷоб чист, худи хонум Қосимова медониста бошад?! Агар не, пас лозим мешуморем, гӯем ҳиҷоб -- яъне пӯшонидан аст. Дар шариат ҳиҷоб - он матоъ ё порчаи матоеро мегӯянд, ки битавонад сатри аврати занро (яъне ҳудудҳои муайянкардаи Худоро, ки ба зану марди мусалмон фарз аст) аз чашми номаҳраме бипӯшонад. Фарқ надорад, ки ин матоъ дар Чин, Амрико, Фаронса ё ҷои дигаре истеҳсол ва чи тарз пӯшида мешавад. Ҳамин тавр дар фарҳанги миллии мо занон ва хоҳарону бибиёнамон аз рӯи шарм, ҳаё ва имон рӯймол, дока, чодарро истифода менамоянд. Яъне, дар ҳиҷоб (пӯшида) ҳастанд, ки ин тӯли асрҳо, ҳатто пеш аз дини Ислом ҳам вуҷуд дошт. Ва имрӯз беш аз 90 дарсади занон онро бо ҳар тарзе риоя мекунанд. Фарҳанги миллии либоспӯшии занони тоҷик тӯли ҳазорсолаҳо бар ҳамин шакл ташаккул ёфтааст.

Мехостам аз Идигул Қосимова бипурсам, ки оё он модарону хоҳарони мо, ки сари урён, пеши бари кушода, остинҳои кутоҳ надоранд ва ба қавли Шумо либосӣ “миллӣ” намепӯшанд, магар бадахлоқанд? Магар онҳо аз фарҳанги бегона пайравӣ мекунанд?

Вақте Шумо ба таври оммавӣ мегӯед: “мо худ дидем ҳиҷобпӯшон ба даллаги ва сабукпоӣ машғуланд”, оё пеш аз гуфтани ҳамин ҷумла пеши назаратон намеояд, ки 90 дарсади занони миллати тоҷик рӯймол (ҳиҷоб) ба сар мекунанд? Оё ин як навъ таҳқири оммавӣ ба тамоми занони рӯймолпӯши тоҷик, ки сафашон марзи миллионро мегузарад, нест?

Оё мешавад бо танфурӯшӣ ва бадахлоқии чанд нафар заноне, ки бо сари урён, остини кутоҳ, гардани луч даст ба корҳои пасту фаҳш мезананд, чунин ҳукм кард, ки тамоми занони аврупоипӯш танфурӯш ҳастанд? Ҳамин навъ ҳукм оё мантиқ ва бохирадона аст? Агар не, пас ҳукми бараксаш ҳам аз рӯи мантиқ нест.

Гузашта аз ин саркорхонуми гиромӣ, ба таваҷҷуҳатон мерасонам, ки бо ин тарзи ҳукматон чанд мавридеро аз Конститутсияи Тоҷикистон, ки мову Шумо бо итоат аз он кору зиндагӣ мекунем, бисёр дағалона поймол кардаед:
Моддаи 5 банди 2: Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.
Пӯшидани рӯймол (ҳиҷоб) барои як модар ва хоҳари мусаломон қадр, номус ва ҳуқуҳои фитриаш аст, ки дахлнопазир аст ва ҳеч кас ҳам ҳаққи дахолат кардан ба онро надорад, ки онро чи тавр ва бо кадом ранг ба сар мекунад.

Моддаи 17 банди 2: Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеъи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.
Вақте Конститутсия Тоҷикистон қатъи назар аз эътиқоди динӣ (!) озодиҳоро кафолат медиҳад, пас Шумо ба ҳиҷобдории як зан чаро дахолат мекунед? Чун ҳиҷоб ҷузъе аз эътиқоди динии як зани мусалмон аст.
Моддаи 26: Ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд...
Яъне, як зани ҳиҷобдор мустақилона бо дине, ки интихоб кардааст, онро пайравӣ мекунад ва расму оинҳои онро комилан ба ҷой меорад ва ин ҳуқуқҳои конститутсионии ӯ мебошад.
Моддаи 30 банди 2: Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ, хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезад, манъ аст.
Бону Қосимова, модаи 42-и Конститутсия банди аввалаш чунин мегӯяд: Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи (!) дигаронро эҳтиром намояд.
Шумо мегӯед: “Ман худам дидам занони ҳиҷобпӯш (!) даст ба даллагӣ мезананд”, магар ин паст задани шаъну шараф, ҳуқуқу озодиҳои он модарон ва хоҳароне нест, ки ҳиҷоб ба сар мекунанд? Шумо бояд бидонед, ки танфурӯш ҳиҷобдору беҳиҷоб намешавад. Ба ростӣ ҳеч бовар кардан намехоҳам, ки ҳарфҳои зикршударо раиси Кумитаи кор бо занон ва оила гуфта бошад. Ин суханон тавҳини аксари занони миллат аст. Ин суханҳо аз нақзи ҳуқуқи конститутсионӣ то таҳрифи фарҳанги миллӣ ва тавҳин ба як рукни муҳими дин аст. Сониян, аз роҳбари Дастгоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон, Раҳмон Озода Эмомалӣ ва ҳамсари раисиҷумҳур хонуми муҳтарам Азизамоҳ, аз бонувони вакиле, ки дар парлумон мешинанд, ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онҳо дар чунин таҳқирҳо нисбати занону модарони тоҷик бетараф набошанд. Зеро худи онҳо борҳо ҳиҷоб ба сар кардаанд (дар маросимҳои азодорӣ, ҳангоми адои ҳаҷ, ҳангоми арусӣ ва замони пиронсолӣ). Хосатан ҳамсари муҳтарамаи раисҷумҳур, бону Азизамоҳ ҳар ҷое, ки бо шавҳарашон сафар мекунанд ва онро дар телевизион намоиш медиҳанд, ҳиҷоби комилро риоя мекунанд. Шояд дахолати эшон ба ин масъала хонум Идигул Қосимоваро ба худ меорад ва водор мекунад, то хатояшро ислоҳ намояд ва аз тамоми занону модарон ва хоҳарони тоҷик узр пурсад!

Далер ШАРИФОВ
Мӯҳр
зани тоҷики муслима
як савол ба муалима доданиям ое ҳамин юбкаю кофтае ки пушидаед либоси милли аст,

зани тоҷики муслима
боз гуфтани будамки далер дуруст кайд кардки ҳамсари чаноби оли ҳамеша румол дорад,ҳатто куҷое ҳам сафар накунад румолаш ҳамеша ҳаст

Сухани хакро гуфти. Аллох Далерчону Иршодчонро дар панохаш нигахбон бошад.( Далер Шарифов ва Иршод Сулаймони).

2505
Далерчон бехад хуб дарк ва тахлил кардаи. Ба хотири як ё ду нафар мо наметавонем тамоми занхои хичобдорро, ки аксарияти онхо занони боиффатанд зери танкид гирем ва ё баракс.
Худоё тамоми занхои точикро дар рохи рост хидоят кун, ОМИН!

Хичоб
Боракаллоху фи умрик далерчоооон.

Далер ШАРИФОВ
Огромный Респект тебе, Патрон))

Довар
Наход мусулмонхо аз доираи хичобу ришу салаву токи дигар берун набароянд. 1300 сол занхои точик бо румолхои одди сарашонро мепушонданд касе онхоро кофир намегуфт. Як гурухи ифроти имруз аз хичобу ришу тарзи истодан дар намоз проблема сохта равияхои бегонаро бо амри пуштибонон ва маблаггузорони хоричияшон таблиг мекунанд. Максади онхо ба воситаи дин точиконро гуломи дигарон кардан аст. Чомеа набояд аз дунболи ин гурухои ифроти равад. Мо бояд аз дунболи илму маърифат равем, ки ободи ва фаровони меорад.

Мухаммад
Ба касе аз ахли олам коре надорам. Аммо мехохам шеър хонам. Чун хостам шеър хонам пеш аз хама мисрахои зерин ба хотирам омад:
Санги бадгавар агар косаи заррин шиканад,
Кимати санг наяфзояду зар кам нашавад.

Согдиец
полшуяк, хахахахаха

точикистони нав
сипосгузорам бародари баномуси ман Далер Шарипов аз шумохам сипосгузорам мухтарам ozodagon

Михрдод
Нишонаи покдомании зан рафтор ва ахлоки хуб аст на хичоб ё бехичоби.

Некхоҳ
Сиёсату сиёсатмадорӣ аз ҳад зиёд нозуканд

Бандаи Аллох
Ассалому алайкум. Бародар Далер Худованд хайри дунёву охиратро насибат гардонад. Ма Шаа Аллох бисер суханхои хуб гуфти.

Shakarxand
Хакикатро гуем руймолдозони сабукпо зиёд шудаги. Аммо агар аз руи инсоф назар кунем, мумкин ягон 2 ё 5 фоизи руймолдозон фоиша бошанд. (Хамунохам аз барои киммат кардани товарни вид руймол мепушан, яъне фоишахои беруймол арзонтаран) Аксари мо медонем ки 95% фоишахо бе сатру руймоланд, чи ин ба мо ичозат медихад ки хамаи беруймолу юбкапушро фоиша гуем?
Дигар кайд карданиам ки руймоли онхо сатр несту боз хамаи онхо дар кайди милиса хастанд агар хохан дар 3 руз рейд карда хамааша чам мекунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)