Бахшҳо
19 сен 2016 15:31Тоҷикистон / Сиёсат

ВКД: Латукӯби журналист таҳқиқу гунаҳкор муҷозот мешавад

Доро Суҳробӣ, хабарнигори 20-солаи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон мегӯяд, 18-уми сентябр ҳангоми иҷрои вазифаи хидматияш дар бозори “Гипрозем” аз сӯи мансабдори милиса то ҳолати беҳушӣ мавриди латукӯб қарор гирифтааст.

Доро Суҳробӣ, ки дар роҳ ба беморхона қарор дошт, имрӯз, 19-уми сентябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, 18-уми сентябр барои инъикоси корҳои роҳсозӣ ва савдои кӯчагӣ ба назди бозори "Гипрозем" рафтааст: “Шоҳид шудам, ки зани тахминан 55-солаи обфурӯш бо марде дар либоси мулкӣ муноқиша карда, даъво дошт, ки «дирӯз ман 100 сомонӣ дода будам, ҳар рӯз пул аз куҷо аст, ки ба шумо диҳам. Шумо модар надоред, о, ҳама дар қади кӯча савдо доранд-ку? Чаро дигарҳоро намебинӣ, фақат ба ман часпидӣ".

Журналисти ҷавон гуфт, вақте хост асли қазия ва сабаби вайрон шудани тартиботи ҷамъиятиро фаҳмад, он мард дар либоси мулкӣ изҳор доштааст, ки "ту қонундон боз аз куҷо пайдошудӣ, суратамонро мегирӣ?" гӯён суратгираки журналистро гирифта, флешкаашро шикастаст: “Баъд ба низомипӯш фармуду маро ба шуъбаи корҳои дохилӣ дар маҳаллаи Гипрозем бурданд. Марде, ки либоси мулкӣ дошт, маро то беҳуш шуданам кӯфт. Нафарони дигар, ки ҳамроҳаш буданд, монеи кори ӯ нашуданд. Баъдан аз якеаш фаҳмидам, ки сардорашон будаст”.

Доро Суҳробӣ илова намуд, ки дар баробари латукӯбу дашномҳои қабеҳ марди низомпӯш изҳор медошт, ки “ту бо будик будай. Шумо будикҳо зиёд гузарондаед. Против давлат менависед. Ҳозир газетаҳоро меорам, ҳамааш против давлат аст”.

Суҳробӣ гуфт, ҳудуди 40 дақиқа дар идораи пулис мондааст ва афзуд тайи ин муддат, даст, рӯй ва сараш лат хӯрдаанд: “Ман ҳозир аз ташхиси тиббӣ мегузарам. Дасти чапамро, ки бо оҳан заданд, лат хӯрдааст. Сарам ҳам ҳар замон чарх мезанад”.

Ӯ гуфт, ба телефони боварии вазири умури дохилӣ аз ин ҳодиса хабар дод ва ният дорад, ки аризаи расмиро низ барои муҷозоти омилони латукӯбаш пешниҳод намояд, то минбаъд аз худсариҳо ва нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон ҷилавгирӣ шавад.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, аз ин қазия тавассути расонаҳо огоҳ шудаанд: “Дар сомонаи Шумо хондем, огоҳем. Аллакай ба таҳқиқи ин қазия машғуланд. Ҳодиса мунсифона таҳқиқ мешавад ва агар тасдиқ ёбад, гунаҳкорон ҷазо дода хоҳанд шуд”.
Мӯҳр
Инро як намуди тарсондани мардум бо хар рох ба мисли ёдовар шудани солхои 90 меноманд. Ягон чазо намедиханд. Мувакатан ба рухсати гусел мекунанд ва баъди хомуш шудани ин казия боз ба кор меоянд. Холо онхоро чунин имтиёз додаанд, ки ба хар рох чашми мардума тарсонанд.

Доро Сухроби як кадам ба пеш

Саида,
Момата Бобои Файз бгира охи кани озоди ???
Инчо озодагон аст на озоди!!!!

Бадриддин
макомоти милиса тамоман аз конуни берунанд.зеро ки чанде пеш маро хам барои як аризаи дуруг оварда дар макомоти милиса зери лату куб ва дашноми чанд корманди милиса шудам.лек ман пура он вакти лату кубу дашноми онхоро дар телефони мобилиям ки дар танам пинхон намуда будам хамаашро сабт намудам.бади баромаданам аз шубаи милиса ба телефони бовари занг зада сабти намудаамро низ додам интизорам чи мешуда бошад.

Ман бовари дорам ки милиса хатман ба чавобгари кашида мешавад... Аммо ин "Хабарнигори 20 сола" Кадом донишгохро дар 2сол хатм карда бошад? Фаражба тогояш хаст ми... Бе диплом хам Хабарнигор мешудаанд ми? Тагобозиву махалгарои аз хамунтарафо омадааст ба ин тарафо... Баъд аминхел Журналисту милисаи тагодори "Кордон" якдигаро намефахманд...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)