Франтс Клинтскевич, намояндаи ҳизби ҳокими “Единая Россия” дар Маҷлиси болоии парлумони ин кишвар ба хабарнигорон гуфтааст, мехоҳад пешниҳоди ҷорӣ кардани виза бо бархе кишварҳои Осиёи Марказиро матраҳ ва ташвиқ намояд. Бо таваҷҷуҳ ба ин “Озодагон” аз соҳибназарони тоҷик пурсид: АГАР РУСИЯ БО ТОҶИКИСТОН РАВОДИД (ВИЗА) ҶОРӢ КУНАД, ЧӢ МЕШАВАД?
Саидбек МИРЗОМУДДИНОВ, соҳибкори муқими Маскав
Ҷорӣ шудани виза барои муҳоҷирони меҳнатии мо душвориҳои зиёд пеш меорад. Барои ворид шудан ба қаламрави Русия лозим мешавад, ки ширкатҳои корфармо даъватнома равон кунанд, лекин на ҳамеша чунин мешавад. Дуюм, дар шароити буҳрони молӣ ин масъала ба буҷаи мо низ таъсир мерасонад, чунки воридоти пули муҳоҷирони меҳнатӣ ба Ватан боз ҳам кам хоҳад шуд. Сеюм, агар виза ҷорӣ шавад, тақдири ҳудуди як миллион муҳоҷире, ки ҳоло дар Русия ҳастанд, чӣ мешавад? Муҳоҷирони тоҷикро хабари роҳандозии виза нигарон кардааст.
Абдулқодир АЛАВӢ, шоир
Ин ҳама дағдағаҳои пеш аз интихоботист. Замоне ки дар кишварҳои назди Балтик русҳоро аз ватанашон берун мекунанд, хабарнигорони Русияро аз марзи гумрукӣ муҳри баргашт мезананд, Русия дар муқобили онҳо коре карда наметавонад, чунки ҳукумати ин кишварҳо дар пой истодаст. Агар Ҳукумати Тоҷикистон ҳам аз худ чунин пойдорӣ ва устувориро нишон медод, Русия наметавонист дар муқобили Тоҷикистон кореро анҷом диҳад. Агар Русия Тоҷикистон ва Узбакистонро аз даст бидиҳад, ин ба манфиати Русия тамом намешавад. Ҳукумати Тоҷикистон бояд фавран ба ин иқдоми Клинтскевич ҷавоб диҳад ва ӯро дар ҷояш шинонанд.
Абдумалик ҚОДИРОВ, коршинос
Гумон накунам, ки “бо дуои курмуш борон борад”. Ҷаноби Клинтскевич, агарчанде узви ҳизби ҳокими Русия аст, вале танҳо фикри шахсиашро ифода кардааст. Ҳукумати Русия ба ҷорӣ кардани виза он қадар ҳавасманд нест. Дар акси ҳол, барои ҳама аскарону афсарони пойгоҳи ҳарбиаш низ низоми раводид ҷорӣ мешавад. Аз тарафи дигар, Русия ба қувваи кории арзон ниёз дорад ва ҷорӣ кардани раводид метавонад ба ин халал расонад.
Албатта, ҷорӣ кардани раводид муҳоҷирони меҳнатии моро дар қиболи интихоби душвор оид ба қабул кардани шаҳрвандии Русия ба хотири сабук гаштани вазъашон хоҳад гузошт, ки ин дар навбати худ боиси афзоиши фасод дар сохторҳои марбутаи ин кишвар хоҳад гашт. Вале ин ҳама эҳтимолиятҳоеанду халос. Дар асл, ҳеч гуна виза ворид карда намешавад.
Нуралӣ ДАВЛАТОВ, таърихшинос
Русия дер ё зуд визаро ҷорӣ мекунад, бинобар ин аз ҳоло сари ин масъала фикр дорад. Мо ҳам аз ҳоло бояд худро ба ин омода созем.
Музаффар АҚДОДОВ, фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ
Фикр мекунам ҷорӣ намудани виза ба манфиати мо хоҳад буд, чун вақте моро тариқи раводид қабул мекунанд, шояд масъулияти моро ба гардан мегиранд ва ба мо эҳтиром мегузоранд. Албатта, ин бештар аз фарҳанг ва менталитети мардуми мизбон вобастагӣ дорад. Менталитети он мардум иҷоза намедиҳад, ки онҳо ба ҳамаи муҳоҷирон, махсусан ба тоҷикон ба эҳтиром бошанд.
Талабшоҳ Салом, журналист
Бо таваҷҷуҳ ба вазъи имрӯзаи иқтисодию иҷтимоии мо Маскав барои вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия раводид роҳандозӣ кунад, боз ҳам ба ҳамон мушкилие дучор хоҳем шуд, ки қабл аз раванди саросарӣ касб кардани муҳоҷирати меҳнатӣ доштем. Вале масъалаи мазкур ба назари ман, чанд паҳлӯ дорад, ки бо назардошти онҳо мавзеъгириҳои ахири мақомдорони русро метавон ҳангома гуфт. Аввалан, Русия аз он ки дар Осиёи Марказӣ манофеи зиёд дорад, амнияти минтақа, аз ҷумла Тоҷикистонро амнияти худ медонад, ҳеҷ гоҳ барои мо виза роҳандозӣ наменамояд. Зеро Русия ҳам медонад, ки муҳоҷирати тоҷикон дар баробари паҳлӯҳои иқтисодию иҷтимоӣ ҷанбаи амниятӣ низ дорад. Баъдан, суду даромаде, ки аз муҳоҷирони корӣ ба Русия мерасад, бар зарари ин кишвар нест. Яъне болои муҳоҷирон Русия ҳам манфиат дорад. Агар чунин намебуд, патенту дигар ҳуҷҷатҳоро, ки ҳадаф баҳрагирӣ аст, барои муҳоҷирин роҳандозӣ намекард, балки системаи раводидро ҷорӣ менамуд. Вале раванд нишон медиҳад, ки ҳадафи Русия, на ихроҷи муҳоҷирон, балки аз онҳо баҳра бардоштан аст. Баъдан, Тоҷикистону Русия ҷиҳати ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон қарордод доранд, ки ҷорӣ кардани виза хилофи он аст. Вале бо вуҷуди ин ҳама, агар билфарз, Русия ин ҳамаро нодида бигирад, Тоҷикистон метавонад бо ворид шудан ба Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё ин масъаларо ҳал кунад. Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, аз ҷониби Русия ҷорӣ шудани виза барои шаҳрвандони Тоҷикистон хаёле беш нест, зеро Русия айни ҳол дар вазъе иҷтимоию иқтисодие қарор дорад, ки ба нерӯи кории арзон ва аз лиҳози сиёсӣ, ниёзманд ба ҳампаймонҳо дар минтақа аст. Инчунин аз муҳоҷирон гаҳ-гоҳе ҳамчун воситаи фишор ба манфиатҳои сиёсияш истифода менамояд. Аз ин рӯ, ба андешаи ман, Русия ҳеч гоҳ ҷузъро ба кулл авлавият намедиҳад.
Дилшоди АБДУРАҲМОН, муҳоҷири меҳнатӣ
Режими имрӯзаи Русия мисли занҳо доимо аз зиндагӣ шикваҳо дорад. Мехоҳад нуфузи давраи Шӯравиро дар Тоҷикистон дошта бошад, аммо мардуми аз қашшоқӣ ва гуруснагӣ муҳоҷир гаштаро чашми дидан надорад. Ҳизби ҳоким сатҳи зиндагии мардуми русро ба яке аз қашоқтарин мардуми дунё баробар карда, чизе надоранд, ки дар интихоботи дар пеш буда ба намоиш гузорад. Аз шармандагӣ гурехта чун ҳамеша аз ҳама роҳи осонтаринро истифода менамоянд, то соҳиби ягон холаки сиёсие шаванд ва ба ҳисси милатгароии мардуми худ доранд бозӣ мекунанд. Суханони ин намояндаи ҳизби ҳоким воҳимае беш нест. Русия имрӯз ба як кишвари қашоқ мубадал гаштааст, ки барои муҳоҷирони мо низ чун пештара ҷазбкунанда нест. Бисёри муҳоҷирон аз паси дигар кишварҳои муҳоҷирқабулкунанда, ба мисли Кореяи Ҷанубӣ, Укроин ва Иттиҳоди Аврупоанд.