Бахшҳо

Вакили парлумони Тоҷикистон: Аз ҳолатҳои қатли муҳоҷирони тоҷик огоҳем...

Абдуҳалим Ғаффоров, вакили парлумони Тоҷикистон мегӯяд, аз ҳолатҳои куштори муҳоҷирони тоҷик дар Русия огоҳанд ва онҳоро дар алоҳидагӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Ҷаноби Ғаффоров, ки узви Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ дар Маҷлиси намояндагон ҳам ҳаст, ба “Озодагон” гуфт, онҳо дар робита ба қазияҳои марбут ба қатли шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафорати Русия дар Душанбе ва сафорати Тоҷикистон дар Маскав муроҷиат намуда, ҳалли мунсифонаи онҳо ва роҳҳои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдоштаро талаб мекунанд.

Ӯ мегӯяд, медонад, ки бештари муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар Русия ҳастанд, зиндагии басо мушкил ва сангин доранд. Ин вакили парлумон сабабҳои аслии онро надонистани забони русиву ҳуқуқҳои худ ва урфу одати он кишвар арзёбӣ кард: “Баъзан мушоҳида мекунем, ки баъзе ҷавонони мо байни худ низ низоъҳои шадидро ба миён меоранд, ҳар ҷавоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравад, бояд ҳаматарафа омода бошад”.

Абдуҳалим Ғаффоров пешниҳод кард, ки дар кишвар гуруҳҳои махсус ташкил шуда, қабл аз ба муҳоҷират рафтани шаҳрвандон савияи донишу ахлоқи онро бисанҷад: “Ба онҳое, ки арзанда нестанд, иҷозаи аз марз баромаданро надиҳанд, чунки ҳар муҳоҷире, ки за марзи кишвар мебарояд, дар хориҷи кишвар анъанаҳо ва урфу одатҳои мардуми моро муаррифӣ менамояд”.

Ин вакили парлумон афзуд, бояд ширкатҳое таъсис гардад, ки бо ширкатҳои ҷониби Русия шартнома баста, ҷавононро аз рӯи касбу ихтисосашон дар он кишвар бо кор таъмин намоянд: “Набояд ҳамаи мо рафта, дар он ҷо арбокашӣ кунем”.

Ду ҳафтаи ахир аз Русия хабари марги дасти кам даҳ муҳоҷири тоҷик расид, ки бештари онҳо кушта шудаанд.
Мӯҳр
Огои Абдухалим бисер сафсата нагуед шумоен бо ном вакил хастед. То ба кай ин рузхоро мо тахамул мекунем. Ба хар як чони ин шахрвандон шумо чавобгаред...

Dev
Вакили парлумони Тоҷикистон: Аз ҳолатҳои қатли муҳоҷирони тоҷик огоҳем..."
Tabrik!
“Ба онҳое, ки арзанда нестанд, иҷозаи аз марз баромаданро надиҳанд, чунки ҳар муҳоҷире, ки за марзи кишвар мебарояд, дар хориҷи кишвар анъанаҳо ва урфу одатҳои мардуми моро муаррифӣ менамояд”.

Ba onhoe,ki arzanda nestand, ijozai mansab nadihand,chunki har kase ki ba kursii hukumatdori menishinad,zindagivu nomi millatu davlat ba dushash ast!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)