Бахшҳо

Шӯрои уламо дар бораи тақдир: Бархе мехоҳанд гуноҳашонро болои Худо бор кунанд...

Шурои уламои Тоҷикистон ба суол дар бораи тақдири инсонҳо, ки хости Худо ҳасту аз он роҳи гурез нест, посух додааст, ки бархе инсонҳо мехоҳанд, гуноҳашонро болои Худо бор кунанд.

Фарҳод Шарипов, як корбари сомонаи Шӯрои уламо суол гузоштааст, ки “Домуллои азиз, саволе дорам, лутфан ҷавоб диҳед. Ҳамаи мо аз рӯи тақдир амал мекунем аз тақдир гурехта наметавонем. Тақдир хости Худост, мисол агар дар тақдири мо фардо хӯрдани арақ бошад, мо арақро хоҳем хӯрд. Бигӯед гуноҳи инсон дар ин ҷо чист? Хоҳишмандам муфассал ҷавоб диҳед”.

Шӯрои уламо дар посух изҳор доштааст, ки “тақдир худ як амри пӯшидааст, ягон махлуқ аз он огоҳӣ надорад, чунончи марде аз ҳазрати Алӣ (р) пурсид, ки маро аз тақдир огоҳ кун. Ҳазрати Алӣ (р) фармуд: «Роҳи торик аст, нарав». Боз пурсид, гуфт: «Баҳри амиқ аст, дохил нашав». Боз пурсид, гуфт: «Сире аз асрори Худованд аст, ки на малоикаи муқарраб ва на пайғамбари мурсал» аз он огоҳ намешавад”.

Манбаъ бо такя ба “Шарҳи ақидаи Таҳовӣ” афзудааст, ки “афъоли бандагон ихтиёрист, барои кори хайр савоб мегирад, барои кори бад азоб карда мешавад, зеро ихтиёри ҷузъие, ки дар ихтиёраш аст, муохаза мешавад”.

Шӯрои уламо суол гузоштааст, ки агар инсон ихтиёри ҷузъӣ дар амалу рафтораш надошта бошад, чаро Қуръон фиристода шуд? Ин ниҳод хулоса кардааст, ки “аслан дар чунин масъалаҳо инсонҳое баҳс мекунанд, ки мехоҳанд гуноҳи худро болои Худо бор кунанд. Ғайр аз баҳонаҷӯӣ чизи дигаре нест”.
Мӯҳр
Аз ин суи Биг Бенг
Худованди Бузург такдири инсонро дар даста додааст. Хохи рав дузах хохи рав бихиш

Фархори агар манзурат аз Худо хамон Аллох хаст именно у дар Куръон хамин гапи туя чаппаша гуфтаги дар дасти худди инсон не дар дасти ман хаст мегуяд на дар як чо балки дар чанд чои Куръон. маълум ки ту аз Куръон хам хабар надори ин чост ки донишмадони бузург ин китоб таровидаи чанд одами камсаод аст мегуянд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)