Бахшҳо

Абдуллоҳи Муҳаққиқ: Ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон пешвои занони исломӣ дар Тоҷикистон эълон шавад

Абдуллоҳи Муҳаққиқ, коршиноси масосили динӣ дар Тоҷикистон пешниҳод кардааст, бонуи аввали кишвар пешвои занони исломӣ дар Тоҷикистон эълон гардад.

Ҷаноби Муҳаққиқ дар матлабе, ки хабаргузории “Ховар” нашр кардааст, мегӯяд, ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон нахустин зани мусалмони тоҷик аст, ки дар дохили Каъбатуллоҳ намоз гузорида ва аз баракати ин макони муқаддаси исломӣ мушарраф гаштанд. Ӯ навишта, “сазовор аст, ки апаи Азизмо — ҳамсари Президент Эмомалӣ Раҳмонро пешвои занони исломӣ дар Тоҷикистон эълон ва эҳтиром намоем, ба хотире, ки ӯ нахустин зани мусалмони тоҷик аст, ки аз Осиёи Миёна дар дохили ҳуҷраи Каъбатуллоҳ намоз гузоридааст! Хушо ба ҳолу ба ҷони ӯ ва хушо ба миллати тоҷик, ки апаи Азизмо парвардаи хоку оби Тоҷикистон аст!”

Ин пешниҳоди оқои Муҳаққиқ дар ҳолест, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон расман Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат унвон гирифт. Ин унвон ба ӯ иҷоза медиҳад, баъди анҷоми ваколати президентиаш дар соли 2020 бонуфузтарин мақоми кишвар бимонад.

Абдуллоҳи Муҳаққиқ як бахше аз матлаби ҳаҷман бузурги худро ба бонуи аввали кишвар бахшидааст. Ӯ ҳаҷ кардани хонум Азизморо рӯйдоди таърихӣ барои занону бонувони тоҷик, падидаи тоза, дарси ибрат, муждаи саъодат номида, гуфтааст, модарон ва хоҳарони мусалмони Тоҷикистони азиз бояд ҳуввияти миллӣ, бедории динӣ, худшиносии худро фаромӯш насозанд ва иффату назофати имонии худро ҳифз намоянд: “Чӣ зебогист ва чӣ давлати сармадист, ки ҳамсари оқила ва духтарони Президент Эмомалӣ Раҳмон, ки дар давлати дунявӣ зиндагӣ ва ҳаёт ба сар мебаранд, мушарраф ба номи ҳоҷӣ гаштанд. Нақши зани исломӣ чун офтоби ҷаҳоннамо қалбҳои имониро равшан ва муаттар сохт. Кош, дигар бонувони тоҷик метавонистанд ба зиёрати Каъба ва равзаи мубораки Расулуллоҳ (с) мушараф мегаштанд”.

Абдуллоҳи Муҳаққиқ дар идома меафзояд, “ба андешаи банда, апаи Азизмо ҳамчун ҳоҷии ҳарамайни шарифайн ифтихор ва шарафи зани тоҷик аст! Аз рафтор ва кирдори апаи Азизмо бояд дигар бонувон ибрат бигиранд. Муддаъиёне, ки аҳли байти Президентро такфир мекунанд, дигар далоил ва санади шаръӣ дар ихтиёри худ надоранд, ки афкор ва ақидаи ифротии худро машруъият бахшанд!”

Ин коршиноси масоили диннӣ гуфта, ки тасмим дорад дар мавриди ҳамсари раисиҷумҳур, ки чун нахустин зани ҳоҷии мусалмони тоҷик, бо фарзандони хеш ба зиёрати дохили Каъба ва оромҳои Паёмбари ислом (с) мушараф гаштааст, китоб бинависад. “Ҳаргиз зани мусалмон мутаассиб, ҷоҳил, гумроҳ нест, балки он олиҳаи ҳусн, муҳаббат, тароват, афзали одамият, беҳтарин мураббӣ, сарпараст ва чароғи рӯзгори башарият аст! Аз фазли Худо умед дорам, ки афкори кӯтоҳандешонеро, ки мехоҳанд аҳком ва аркони исломро, ки нисбат ба зан ва эҳтирому иззати модари мусалмон бахшида шудааст, бо мизони фикрӣ ва меъёрҳои ғарбӣ бисанҷанд, хунсо намоям",-навиштааст Муҳаққиқ.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар 4 январи соли равон, дар рӯзи охири дидори расмиаш аз Арабистони Саудӣ бо ҳайати Тоҷикистон, бо шумули ҳамсар, ду духтар ва домодаш Ҳаҷҷи умра анҷом дод.
Мӯҳр
Ман ба мисли мух,аккик на шакалад мехох,ам, на мармалад ва на пулу вазифа !!! Танх,о мехох,ам дар Точикистон адолату бародарию баробари бошад, танх,о ва танх,о инро мехохам хамчун як шах,рванди Точ,икистон!!!

АбуФирор
антимухаккик
озоди шумо озод набудаед неки чаро намебароред навистохои моро

хазорхо зани точик холо дар хунукии зимистон бе шавхар ё бе фарзанд дар азобанд...шумо кучоро мебинед

ПППППП
РУСТАМЧОНА ПЕШВОИ ЧАВОНОНИ ТОЧИКИСТОН ЭЪЛОН КУНЕД СОМОНЧОНА ПЕШВОИ ТАЛАБАХОИ ТОЧИКИСТОН БАЪД ИН ЗАРБУЛМАСАЛРО ХАМ АЗ ПУШТАШ БИХОНЕД
ХОФИЗ ХУДАМ ОХАНГИ ХУДАМ ДУТОРИ ХУДА ХУДАМ МЕСАРОЯМ

сомони
Ако 100доллар = 900сомони шуд!!!!!!!!!Шумо чзе гуфта гаштид?

наиМ
Т ТОБАКАРДАМ ДАР ТОЧИКИСТОНИ МО ИНКАДАР ОДАМОНИ БАХИЛ БИСЕРАНД ХУДО САФШОНА КАМ КУНАД.

Расул
Ин пешниходи 1 нафар аст ва хеч гох мавкеи давлат нест. Аммо ин чи гапай ки хамаатон ба хонаводаи президент часпидаен. Бас кунед. Агар нисфи имкониятхои онхоро медоштед чи корхое намекарден. Ба хонадони президент, ки хамаги тааводору боимонанд дастдарози накунед. Бо худодода ситеза накун, зеро уро Худо додаст

Ман хамчун шахрванди Чумхурии Точикистон сухани Абдуллои Мухакикро дастгири намуда, чунин гуфтани хастам, ки дар байни занон бояд хатман як пешвои занони исломи хузур дошта бошад, чун, ки оилаи Президенти кишварамон якумин зане мебошад, ки аз Осиёи Миёна дар дохили ҳуҷраи Каъбатуллоҳ намоз гузоридааст.

безоркул
ман хам як пешниход дорам номи азизмохро ба оиша гардонида шавад ва модари миллат бихонан.Хар ду хам хизмат якхела доранд дар мусалмони

Сариф
Ин пешниходи коршиноси дини точик Абдуллохи Мухаккик яке аз пешниходхои назаррасе дар арсаи навини точик мебошад. Ин пешниходро мо хамагон чонибдорем ва хохони бехбудии яке аз пояхои сутуни давлатдори Точикистон мемонад. Хамагон чонибдори намуда ва овоз хохем дод.

Сиёвуш
Аввалин зан ва модари точик мебошад, ки вориди Каъба ё ин, ки хонаи Худо шудаанд. Барои мардуми точик як фахр ва орзу фаромушнашудае дар калбхо чо мегиранд. Мо хамагон дастгири бехбуди оянда хастем.

Барои ман, ки зани точикам як фахр ва хурсандие зиёд нест. Чун мо занхо барои худ бояд пешвои арзандае дошта бошем. Чун зан имруз дар чодаи чомеаи точик бояд хамаруза накши намоёне гузорад Ман чонибдори пешвоии Азизамо Рахмонова мебошам.

Ман хамчун яке аз занхои миллати точик икдоми Абдуллохи Мухаккикро чунин посух медихам, ки аввалин модари точик мебошанд, ки вориди хонаи Худо шуда дар ончо намозгузори намуданд. Ман чонибдори пешвоии зан ва модари точик хастам.

Олими Сабур
Муҳаққиқ! Ту чигуна муҳаққиқӣ, ки наандешида гуфтаӣ: "Муддаъиёне, ки аҳли байти Президентро такфир мекунанд, дигар далоил ва санади шаръӣ дар ихтиёри худ надоранд, ки афкор ва ақидаи ифротии худро машруъият бахшанд!”?
Бубин, президент дар баробари он ки бо аҳли байташ Умра кард, ҳамзамон Ҳаҷҷро барои мардуми заҳматкашу ҷафодида ва сабуру фармонбардори тоҷик, ки яке аз фаризаҳои асосӣ аст, то синни 40 сола манъ кард. Оё ин эҷоди монеа барои адои фаризаҳо нест? Оё манъи намозгузорӣ дар масҷид барои намозгузорони ноболиғ, бастани масоҷид, кандани риши мусалмонони кишвар, манъи сатр, манъи амри маъруф ва наҳйи мункар ба олимони маъруф зидди ҳаҷгузориҳо нест?

saliman
хай агар пешвой занони мусулмон ки боша бояд занони тоҷик ранги ҳаму сатр кунан ва руймол бандан бад ин мусалмони бечорара руймолошона гирифтестан чи мешава???

Расул
Чавоб ба олими сабур.
Хеч кас то 40 соларо аз хач манъ накардааст, балки ба калонсолону солхурдагон имтиёз дода шудааст. Ягон кас намозхониро манъ накардааст, ягон кас масчидро манъ накардааст, то имруз ягон масчид манъ нашудааст, балки чойхое ки клуб буданд онхо манъ шуданд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)