Бахшҳо

Пешниҳод: Эмомалӣ Раҳмон президенти якумрӣ шавад

Ҳикматулло Насриддинов, ходими сиёсӣ ва давлатии Тоҷикистон дар солҳои 80-90-уми асри гузашта пешниҳод кардааст, Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамеша раисиҷумҳури Тоҷикистон бимонад.

Ба бовари Насриддинов, ин пешниҳод бояд дар тарҳи қонуни "Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат" ворид шавад. Ӯ муътақид аст, имрӯз дар баробари Эмомалӣ Раҳмон пайдо кардани нафари арзанда барои президентӣ номумкин аст. Хабаргузории "Азия плюс" аз қавли ин сиёсатшинос гуфтааст: “Ба ин тартиб, Тоҷикистон аз гузаронидани интихоботҳо бениёз мешавад ва барои роҳандозии ин маъракаҳо маблағ сарф намегардад”.

Оқои Насриддинов аввоили моҳи сентябр дар як мусоҳиба бо ин хабаргузорӣ пешниҳод кард, нимпайкараи Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе гузошта ва ба ӯ дубора унвони қаҳрамони Тоҷикистон дода шавад.

Пешниҳоди раисиҷумҳури якумрии Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолест, ки моҳи апрели соли равон Носир Салимӣ, раҳбари Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ва Холмаҳмад Самеъ, декани факултаи равобити байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пешниҳод карданд, Эмомалӣ Раҳмон унвони расмии “пешвои миллӣ”-ро бигирад.

Чанд рӯз қабл, Ҳаким Абдуллоҳ Раҳнамо, як масъули Маркази тадқиқоти стратегӣ дар матлабе таъкид кард, “мардум ба роҳбари худ ҳамчун ба худ, балки бештар аз худ боварӣ ва эътимод дорад. Ин аст моҳияти пешвои миллат будан. Ин аст моҳияти ба таври воқеӣ ва ба таври комилан табиӣ пешвои миллат будан”. Ӯ афзуд, бо таваҷҷуҳ ба ин пешвои миллӣ будани раисиҷумҳур мавзӯи савол ва баҳс нест, балки як воқеияти таърихӣ ва як ҳолати комилан табиист.
Мӯҳр
ДЕХКОН
Ҳикматулло Насриддинов
Шумо ягонбор Сарконуна хондагиен? Узр мехохам лекин хозир як донишчуро вазир монем, аз шумоён ками надорад дар кор. Пур аст одамоне ки арзандаи вазифаи Президенти хастанд. Хами нагмакорихо шумоён аст ки имрузхо ГЕНЕРАЛХО зиди хукумат Баромада истодаанд. Барои вазифа шуда х,ар чиз аз дахонатон омад нагуен ки окибати хуб надорад. Хуб мешид масъалаи зиндаги кормандони давлата мавриди бахс мемонден. На КДАМТ, На Тиб, На Муаллиму Миллиса маоши хуб надоранд. Нархи куваи барк дар осмонай. Андоз тамоман гузарондаги аст.
АНДОЗА НИГОХ ДОР, КИ АНДОЗА НАКУСТ!!!

Саид
Абдуллои Рахнаморо хеч нафахмидемда дар аввалхо дигарчи мегуфту менавист,аммо хозиро дигарчи мегуяд! Хай вазифада!

Мухтарам Озодагон
Мачбурам бори дигар изхори назарамро кунам. Насриддинов хамчун шахрванд ва сиёсатмадори собик хак доранд ки фикращшонро баён кунанд. Аммо маколаи илмию чиддии Абдуллохи Рахнаморо ба ин хел пешниходхои умуми мукоиса кардан дуруст нест. Дар маколаи Рахнамо масъалаи Пешвои миллат бадани Эмомали Рахмон ба таври раднашаванда исбот шудааст. Он маводик кавитарине буд, ки мо дар ин бора хондем. Он макола исботи илмии як вокеият буд ва арзиши баланд дорад. Аммо пешниходхои умуми ва шиори ба нафъи кор нестанд. Хамин назари манн

вой бар холи миллати точик!

Неужели это можно, не то что говорить, но даже думать в современном мире. Это же Бред! Может еще свободно диктатуру поддержать всем народом!?

Панчакенти
Ба рости ва бемухобот Эмомали Рахмон арзандатарин шахс ба мансаби президенти аст ва месазад, ки пешниход чихати якумра идора кардани давлатро ба вай тарафдори кард. Таърихи Шарк бар он гувох аст, ки дигар шудани президенти муддати тулони рохбарикарда боис ба нооримихо ва шикастаю рехта шудани низоми зиндагонии аксари мардум, тагйирёбии ормонхо ва окибат, парокандашавии давлат мегардад. Биноан тахаммул кардан ва атрофи Рахмон сарчамъ шуда, мушкилихоро паси сар кардан лозим. Албатта ин боварии мо инчунин ба чаноби Рахмон бояд "наказ" шавад, ки пайваста атрофиёни фасодзадаро аз кори давлати дур карда, чаъиятро тоза ва зиндагонии моро адолатнок намояд. Барои хамаи ин, президент Рахмон тамоми фишангхоро дорад ва аз ин хукукаш бояд часурона истифода барад. Тавре мегуянд, мухим шакл не, балки маъни аст. саломат бошед.

Даллер
Мухтарам Хакматулло Насриддинов, барои интихоб намудани Раиси чумхури ба таври доими, бояд давлат райпурсии умумихалки гузаронад ва давлат дар асоси овози мардум уро рохбари якумри эълон мекунад, на дар асоси суханхои шумо.
Беш сухан гуфтан одам бояд камтар андеша кушад.

Дар Точикистон хато як муаллими одди аз ухдаи президенти мебарояд .Ба гуфти ин чаноб дар 8 милион ахоли факат як кас метавонад тамом .Ин айбаст айб дар Точикистон камаш 2 милион аз ухдаи президенти мебарояд

Ситора
Бас будагист Хушомадгуи то кай Хушомад мегуед акаи Хикматуло Насридинов Факат аз номи худат гап зан Кариб 2 млн Точик аз зану фарзанд чудо боз шумо пешниход доред Кадом руз косаи сабри Халк лабрез мешавад

АЙБ АСТ БА ХУДО АЙБ, 60 % ХАЛК ДАР РОССИЯ КУЧА МЕРУБАД ГАЙР АЗ ДУШАНБЕ ДАР ДИГАР НОХИЯХО БАРК НЕСТ, МАОШУ ПЕНСИЯХОИ ЧТ ПАСТАРИН ДАР ОСИЁИ МИЁНА, ФАССОД ДАР АВЧ ХАМАЧО НОАДОЛАТИ Шумо БОШЕД ДАР ГАМИ КОРХОИ БЕМАЪНИ ВА НОДАРКОРИ.

Мумкин ҳаст, мо низ дар миёни сейле аз пешниҳодот як пешниҳод кунем чи, ман гуфтаниям ки ҳами Тоҷикистона ҷумҳури неву шоҳигарӣ эълон кнан баъд ҷаноби олира Шоҳаншоҳ писаршон Валиаҳд
ба фикрм ҳами беҳтарин пешниҳодай

Миллат
Хайфи хамон дахоне, ки ин суханро гап задааст. Акун дахон дорам гуфта харчиро ки пеш омад гап мезада будааст. Акнун рох танхо суи Кореяи Шимоли.

Мухочир
Мухтарам Чаноби Оли Ошат шавад Президенти Якумра лекин Акалан Хамаи Точиконе ки Мухочир хастанд акалан бо чои кор таминашон бикун Дар 1 сол кариб 20 Ё 30 Заводу Фабрика месози Лекин ин Заводхо факат 5 Ё 6 мох кор мекунанд Ба мардуми Оди 1 бурида нон биёванд тамом Вазифа ба мардуми лаганбардор лозим аст Факат таьрифат мекунанд аз кафо Механдан Илтимос чоп кунед

Zzz
Хахахахахахахахха))))))) wink wink lol angry angry

Хонанда
Муйсафедро ноумед накунед, ягон вазифачааш дихед,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)