Бахшҳо

Даъвати Қодиров аз Э.Раҳмон ва дигар раҳбарони мусалмон: Фардо дер мешавад...

Рамзан Қодиров, раисиҷумҳури Чеченистон аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва дигар раҳбарони кишварҳои мусалмоннишин даъват намудааст, ки ба гурезаҳои мусалмони кишварҳои ҷангзада дасти ёрӣ дароз кунанд.

Қодиров дар сафҳаи шахсии интернетияш изҳор доштааст, ки дар пайи сиёсати нодурусти Ғарб бисёре аз сокинони кишварҳои мусалмоннишин, аз ҷумла Афғонистон, Ироқ, Сурия, Алҷазоир, Лубнон, Яман ва Судону Сомалӣ гуреза шудаанд. Ӯ аз роҳбарони Тоҷикистон, Туркия, Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Қатар, Умон, Баҳрайн, Кувайт, Индонезия, Малайзия, Қазоқистон, Туркманистон, Узбакистон, Озарбойҷон ва дигар кишварҳо даъват намудааст, ки ба ҳимояи бародарони ҳамдинашон бархезанд.

Қодиров таъкид намудааст, ки роҳбарони ин кишварҳо ҳамчун мусалмон уҳдадоранд ба гурезаҳои ниёзманд кӯмак кунанд ва ҳушдор додааст, ки бетарафӣ дар ин ҳолат рӯзи қиёмат ҷазои сахт дорад. Ӯ илова намудааст, ки агар имрӯз барои ислоҳи вазъ чораандешӣ накунанд, фардо дер хоҳад шуд ва ин мушкил метавонад ба сари ҳар кишвари мусалмоннишин биёяд.

Ин даъвати раисиҷумҳури Чеченистон дар ҳолест, ки бино ба иттилои агентии сарҳадии Аврупо Frontex дар ҳафт моҳи соли 2015 340 ҳазор муҳоҷирон аз кишварҳои ҷангзада вориди Иттиҳоди Аврупо гаштаанд. Тибқи иттилои расмӣ ҳамарӯза дар роҳи гурез ба Аврупо даҳҳо муҳоҷир ба ҳалокат мерасанд. Комиссияи Аврупо буҳрони феълии муҳоҷиронро бузургтарин баъди ҷанги дуюми ҷаҳон хондааст.
Мӯҳр
Unknown
ай сабабе ки кариб хамаи ахолии давлати мо мусулмонай барои ами даъвата ба мо кадестай. Новобаста ай вазъият мо ухдадорем ки барои бародарони мусулмон то кадри имкон ёрдам кнем

Эхххххххххххх! Чаноби Рамзан Кадиров бисёр чизхоро намедонанд...

Muslimah
Гуё шумо миён хам карда ризк ба онхо таксим мекнед, ки инхел нигароне? Ризкдиханда доранду Нигахбону Сохиб доранд ун мардумо, чихеле Худо аз ватан дурашон кард, дар хикматаш чонам,хаминхел сохиби молу ризкам мекунад унхоро,ва на шумо огоён. Бояд якдигарро дуст дорем, мутмаинам нестем яке нохоста моро ин тагдир насибаст е на

точик
оху вох,
ту бут параст хасти? не ту бе дин хасти дини тарузу аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)