Абдулазизи ВОСЕЪ
Ифтитоҳи чизе бештар аз як километр роҳ ва он ҳам дар ҳолати камсифат дар шаъни як президент намебошад
Раисиҷумҳур рӯзи гузашта, 6 сентябр ба шаҳри Ваҳдат рафт. Ин ки сафари ӯ баъди ду рӯзи ҳамла ба Шӯъбаи умури дохилии Ваҳдат ва кушта шудани кормандони пулис сурат гирифту мақомот аз идомаи амалиёт барои хунсо кардани ҳамлаварон гузориш медоданд, мавзӯи ин суҳбат нест.
Дафтари матбуотии президент ҳадафи сафари Эмомалӣ Раҳмонро “шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти иҷтимоию саноатӣ ва оғоз бахшидан ба корҳои сохтмонӣ дар як зумра иншооти дигар” гуфт ва гузориш дод, ки “боздид аз шаҳри Ваҳдат бо ифтитоҳи роҳи мошингарди шоҳроҳи Ваҳдат – Файзобод, ки ба тозагӣ навсозӣ шудааст, оғоз ёфт”.
Бунёду навсозӣ ва ифтитоҳи роҳҳо ҳамеша кори хуб аст ва ба вижа ҳамин роҳ. Умед мекунем акнун азоби ронандаву мусофироне, ки аз шарқи кишвар ба Душанбе меоянд, камтар мешавад. Ин роҳ тавассути маркази шаҳри Ваҳдат аз кӯчаи Сомониён мегузарад ва ҳаракат дар он то ин вақт яктарафа буд. Мошинҳое, ки аз самти Файзобод меомаданд, бо роҳи кӯчаи Фирдавсии шаҳр мегузаштанд ва дар назди бозор ҳамеша тамбашавии мошинҳо ба амал меомад.
Аммо... Роҳе, ки президент ифтитоҳ кард, ҳамагӣ 1300 метр ё чизе бештар аз як километр тӯл дорад. Ҳамин субҳ бо он роҳ омадем. Роҳе, ки барои корҳои бозсозии он аз буҷети шаҳр 4 миллиону 800 ҳазор сомонӣ харҷ шудааст, ба роҳе шабоҳат дорад, ки солҳост хизмат мерасонад. Агар хатҳои сафедро, ки напа-наванд ба назар нагирем, ин роҳ ба роҳи бозсозишуда монанд нест. Пасту баландиҳову ноҳамвориҳову...
Ронандаи мошине, ки мусофираш будам, нимшухиву нимҷиддӣ гуфт, шояд онро махсус чунин кардаанд, то ронандаҳо натавонанд суръати мошинро баланд кунанд. Як мусофир гуфт, шояд то омадани президент натавонистаанд онро пурра таъмир созанд ва саросема дар ин ҳолат ифтитоҳаш кардаанд: “Мумкин акнун таъмирро идома бидиҳанд”. Ҳамроҳи дигари мо ҳам ба суҳбатҳо пайвасту бо лабханде изофа кард: “Бале, акнун бояд хитоиҳоро зораву тавалло кунанд, то роҳро ҳамвор кунанд”.
Ба андешаи ман ифтитоҳи як километр роҳ набояд дар шаъни раисиҷумҳур бошад. Чаро мақомотҳои маҳаллӣ ба худ иҷоза медиҳанд, вақти президентро барои корҳое, ки дар сатҳи раиси шаҳр ё муовини ӯ бояд анҷом шавад, сарф кунанд. Ёварони раисиҷумҳур низ бояд дарк намоянд, ки на ҳамаи сеху фабрикачаву иншоотчаҳое, ки дар ин ё он шаҳру ноҳия бунёд шудааст, лоиқи онро дорад, ки лентаашро сарвари давлат бибурад. Раҳбарони шаҳру навоҳӣ бо ин кор шояд нишон додан мехоҳанд, ки онҳо кор мекунанд, аммо ёварони президент низ бояд кор кунанд. Ифтитоҳи роҳчаҳо ва боз бо сифате, ки таъриф шуд, на танҳо бар обрӯи ӯ намеафзояд, балки имиҷашро хатчадор мекунад. Ба ҳамин монанд, корхонаҳое, ки танҳо рӯзи ташрифи раисиҷумҳур фаъол мешаванду тамом...
Дар шарҳи ифтитоҳи ин роҳ дар торнамои расмии президент гуфта мешавад, “инак, навсозии роҳу кӯчаҳои ҳудуди шаҳр ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардондани онҳо боиси куллан беҳтар шудани рафтуомади сокинони шаҳри Ваҳдат ба пойтахт ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат мегардад”. Агар аз масъуле бипурсед шояд мегӯяд, масири мазкур мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ бунёд шудааст.
Бидуни шак, чандин нафар дар шарҳҳои худ маро дар он муттаҳам хоҳанд кард, ки пешравиҳоро нодида мегираду ҳамеша кораш танқид аст. Шояд, дар шукрона накардан ҳам айбдорам кунанд. Аз ҳамаи ин афрод танҳо як хоҳиш дорам. Лутфан ҳамагӣ як бор он 1300 метр роҳро бубинед. Аз назди маркази тиҷоратии “Садбарг”-и Душанбе таксиҳо бар ивази 5 сомонӣ шуморо онҷо мерасонанд. Рафта хуб мушоҳида кунеду биёед ва маро ба ношукрбандаӣ муттаҳам созед. Роҳатон сафед!