Бахшҳо

Пешниҳоди “Аргументы и факты” барои ҷорӣ кардани виза бо Тоҷикистон

Нашрияи русии “Аргументы и факты” бо нашри матлбе аз мақомоти Русия хостааст, миёни ин кишвар ва давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низоми раводид ё виза ҷорӣ кунад.

Ин нашрия навишта, баъд аз боздиди хабарнигораш аз Тоҷикистон ба хулосае омадаанд, ки миёни Русия ва Тоҷикистон ҳатман бояд низоми раводид ҷорӣ шавад. Чун ба назари нашрия танҳо бо ин роҳ метавон бозори нерӯи кори худро ҳифз карда, ба осонӣ садди роҳи қочоқбарони маводи мухаддир шуд.

Ба назари муаллифи матлаби “Аргументы и факты”, ҳар чанд дар пайи беқурбшавии рубли русӣ аксари муҷоҳирони тоҷик қаламрави Русияро ба қасди Тоҷикистон тарк кардаанд, вале ин муваққатӣ буда, дубора бархоҳанд гашт: “Чун дар Ватани худ ҳеч гуна ҷойи коре пайдо нахоҳанд кард”.

Рӯзноманигори рус таъкид кардааст, дар Тоҷикистон пули аз ҳама маъруф рубли русӣ асту дар тамоми лавҳаи ширкатҳои туристӣ “Барои берун кардани номи шумо аз руйхати “сиёҳ”-и Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия кумак мекунем, Вуруд ба Русия - мушкиле нест! Ва нишонаҳои “депортация”-ро аз шиносномаҳои Шумо тоза хоҳем кард”, навишта шудааст.

Дар ин матлаби “Аргументы и факты”, ки “Страна гастарбайтеров. Специальный репортаж “АиФ” из Таджикистана” (Кишвари муҳоҷирон. Гузориши вижаи “АиФ” аз Тоҷикистон) ном дорад, гуфта мешавад, ки аз сабаби камбағал будани давлат тамоми ҳамсоякишвар, Қирғизистон, Узбакистон, Чин, Қазоқистон ва Эрон бо Тоҷикистон низоми раводид ҷорӣ кардаанду касе майли роҳ додани шаҳрванди ин давлати фақир ба қаламрави худро надорад: “Дар ҳоле ки онҳо метавонанд, бидуни мушкиле ба Русия роҳ ёбанд”.

Муаллифи матлаб мегӯяд, ӯ ҳарчанд тоҷиконро эҳтиром мекунаду ҳамчун як мардуми меҳмоннавоз мешиносад, вале Русия бояд бо ин кишвар низоми раводид ҷорӣ кунад: “Мардуми меҳмоннавозанду русҳоро хуб истиқбол мегиранд ва рафиқоне, ки дар ҳавопаймо бо ҳам шинос шудем, маро аз фурудгоҳ ду бор бе пул бо мошини худ бурданд. Вале юнониҳо низ моро дӯст медоранд, аммо бе раводид ба кишвари худ роҳ намедиҳанд”.
Мӯҳр
вожаи гастарбайтер Германия фашисти маъруфбуд... аз маълум мешавад Руссия федероли неву Русияи фашист бояд хонд...

Хамин суханонро чаноби Призидент мехонда бошад ва ё ба гушаш мерасида бошад? "Давлати камбагал аз оне ки мардумаш кашок хастанд хамсояхо онхоро ба марзи худ рох намедиханд..." Ман агар призидент мебудам шарм мекардаму мохо хобам намебурд. Дар хакикат мардуму давлати мо руз то руз камбагалу кашок шуда истодаанд.

мард
Ин боз як бозихои сиёси Россия.То ба таможни союз хамрох шудани Точикистона.

патриот
Нозим,
Ин бесаводхо газет мехонанд е факат раксу бози номуси милли дар точикон кариб намондааст хайф ба шумо мансабдорони беномус

Гастербайтер
Ами мардак кати 100% розийм) В натуре басай охи)
Оннаша ов бара 10-сола тамоми мухочирои точикда ДЕпорт бтан.
Ай гшнагира чашммон кшода шава .

Шахрванд
Э мардум мо шабу руз Худора зораву тавалло кунем ки хами русия бо мо низоми раводид чори кунад лекин русия ин коро намекунад

Точикистониён!!! Агар каме гурури миллй дошта бошем аз харидории "АиФ" дар Точикистон даст кашем.Бигзор муфлис шаваду намояндагиаш дар Точикистон баста шавад.

Хуршед
Ин кори яхудихо хаст ки, ВАО-и Руссия ба онхо таалук дорад. Онхо мехоханд боин маколаи худ байни МО ихтилоф андозанд.

Ин кори яхудихо хаст ки, ВАО-и Руссия ба онхо таалук дорад. Онхо мехоханд боин маколаи худ байни МО ихтилоф андозанд.

комент
Дар вокеъ миллати рус аз худ рафтааст, чунки айни хол мо иктисодиёт надорем. Хамкориро бо дигар давлатхо бояд кард. Украина ин масъаларо фахмида чонаша халос кард аз ин русхои миллатгаро

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)